Эрон ва Арабистони Саудӣ оштӣ карданд

Эрон ва Арабистони Саудӣ оштӣ карданд

Бозкушоии сафоратҳо зарфи ду моҳ

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ тавофуқ карданд, зарфи ҳадди аксар ду моҳ, равобити диплумотики худро аз сар гирифта ва сафоратхонаҳо ва намояндагиҳоро бозкушоӣ кунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, воқеият ин аст, ки Арабистони Саудӣ пас аз шикаст дар Яман ва низ дар Сурия, чорае надошт ҷуз ин ки ба Эрон рӯй оварад. Ба ҳамин хотир, аз ҳудуди ду сол пеш, аз Ироқ ва низ Чин хоста буд, миёнҷигарӣ кунанд ва миёни ин кишвар ва Ҷумҳурии Исломии Эрон равобит ҳамон гуна ки буд бишавад. Саранҷом бо талошҳои Чин ва Ироқ ин кор сурат гирифт ва пас аз анҷоми чанд давра аз музокирот дар Чин ва Ироқ миёни Алии Шамхонӣ – дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва ҳамтои саудии вай, тавофуқ ба имзо расид.

Дар поёни ин музокирот баёнияи сеҷонбае дар Пекин бо имзои Алии Шамхонӣ ва Мусоид бен Муҳаммад – мушовири амнияти миллии Арабистони Саудӣ ва Чин содир шуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хашму асабонияти “Исроил” аз тавофуқи Эрон ва Арабистон
Фуруши мех бидуни шиноснома мамнуъ!

Матолиби пурбоздид