Эъломи мавҷудияти “Муқовимати Сурия”
Ахбори байналмилал
Эъломи мавҷудияти “Муқовимати Сурия” бо бар ӯҳда гирифтани ҳамла ба низомиёни саҳюнист
“Муқовимати мардумии Сурия” баёнияи низомии муҳимме дар хусуси ҳамлаи бомдоди имрӯз (шанбе) ба низомиёни саҳюнист дар атрофи Қунайтара дар ҷануби Сурия содир кард.
Ба гузориши шабакаи Алъолам, дар баёнияи низомии муқовимати мардумии Сурия омадааст:
“Яке аз гурӯҳҳои “Муқовимати мардумии Сурия” дар иқдоме ҷасурона, ки нишон медиҳад руҳияи муқовимат дар умқи ҷони мардуми Сурия реша давондааст, амалиёте вежа алайҳи як ягони саҳюнистӣ дар атрофи шаҳри Таранҷа дар атрофи Қунайтара дар ҷануби Сурия анҷом дод.
Ин амалиёт як вокуниши фаврӣ буд, зеро муборизони мо ҳаракати душманро дар минтақа зери назар доштанд, аз ин рӯ, низомиёни душманро гулӯлаборон карданд, ки ба маҷрӯҳ шудани теъдоде аз ишғолгарон ва ворид шудани хасорат ба худравии низомии онҳо мунҷар шуд.
Душмани саҳюнистӣ саъй кард посух диҳад, аммо муборизони мо амалиётро бо суръат ва диққат анҷом доданд, сипас бидуни ҳеч талафоте ба саломат аз минтақа ақибнишинӣ карданд ва душманро дар вазъияте ошуфта қарор доданд. Пас аз он, низомиёни саҳюнист барои ҷустуҷӯи муҷриёни амалиёт иқдом ба поксозии минтақа карданд, аммо талоши онҳо бенатиҷа буд.”
Қаламонлайн