Эъломи шаҳодати 4 фармондеҳи Гурдонҳои Қассом 

Эъломи шаҳодати 4 фармондеҳи Гурдонҳои Қассом 
Ахбори байналмилал
Шохаи низомии Ҳамос бо таъкид бар идомаи роҳи шуҳадои фаластинӣ, шаҳодати 4 фармондеҳи худро дар ҷанги “Тӯфон ал-Ақсо” эълом кард.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, шохаи низомии Ҳамос баёнияе дар ин хусус мунташир кард ва шаҳодати Аҳмад ал-Ғандур, узви Шӯрои низомии Ҳамос ва фармондеҳи типи шимол ва ҳамчунин шаҳодати Воил Раҷаб, Раъфат Салмон ва Айман Сиёмро таслият гуфт.
Дар ин баёния ба таърих ва ҷузъиёти бештаре дар бораи шаҳодати ин фармондеҳон ишорае нашуда ва танҳо омадааст, ки онҳо дар ҷанги “Тӯфон ал-Ақсо” ба шаҳодат расидаанд.
Гурдонҳои Қассом дар бахши дигаре аз ин баёния таъкид кардааст: “Бо Худованд аҳд мебандем, ки роҳи онҳоро идома диҳем ва хуни онҳо нури муҷоҳидон ва оташи ишғолгарон бошад!”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дубайтиҳо аз Субҳӣ Ҷавҳаризода
Тавқифи дуввумин киштии исроилӣ дар соҳилҳои Яман

Матолиби пурбоздид