Бозгашти Амрико ба Афғонистон
Ахбори минтақа
Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп аз нияти бозгашти артиши Амрико ба Афғонистон хабар дод.
Ӯ эълон кард, ки ИМА пойгоҳи низомии худро дар Афғонистон бозпас мегирад. Гап дар бораи пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи Багром меравад.
Аз рӯи маълумотҳо дар Афғонистон ИМА ба маблағи 800 млрд доллар сарф кардааст, ки ин иборат аст аз техникаи ҳарбӣ, чархболҳо, аслиҳа ва инчунин зерсохторҳо ва объектҳои ҳарбӣ мебошанд.
Албатта барои амалӣ кардани ин нақша барои ИМА Покистон ва Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон лозим мешаванд.
Аз назари Салим Султонзода – таҳлилгари тоҷик, ин барнома метавонад боз Тоҷикистонро як кишвари муҳим барои ИМА гардонад.
Qalamonline.net