Эҳёгари афкори динӣ дар Машриқзамин
Иқболи Лоҳурӣ – эҳёгари афкори динӣ дар Машриқзамин
Машоҳир ва номоварон
Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, шоир, файласуф ва сиёсатмадори покистонӣ аст, ки озодӣ ва адолатро муҳимтарин сарлавҳаи зиндагии башар медонист. Ӯ тавонист андешаи исломиро дар зеҳни мусалмонон бедор кунад ва ингуна ба унвони яке аз равшангарони исломӣ шинохта шавад…
Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, мутафаккир, ориф ва файласуфи покистонӣ аст, ки бидуни тардид яке аз навобиғи даврони ахир ба шумор меояд. Ӯ забони форсиро барои баёни афкор ва эҳсосоти худ баргузид. Ашъори форсӣ ва ҳатто ашъори урдуи ӯ саршор аз мафоҳими олии ирфонӣ, фалсафӣ, инсонӣ ва иҷтимоӣ аст. Забоне, ки Иқбол дар сурудани ашъори худ баргузида, забони шоирони гузаштаи Эрон ва шибҳиқорраи Ҳинд аст. Ӯ бо тезҳушӣ ва истеъдоди фитрии худ аз назари забон ва муҳтаво, тарҳе нав дарафканда ва сабки хосс барои худ падид овардааст. Иқбол соддагӣ, равонӣ ва корбурди ташбеҳоту истиъороти соддаро аз сабки хуросонӣ, ва рангорангии калом ва овардани санойеъи лафзӣ ва маънавиро аз сабки ироқӣ ва зарофат ва мазмунофаринӣ ва нуктасанҷиро аз сабки ҳиндӣ вом гирифтааст.
Зиндагиномаи Иқболи Лоҳурӣ
Даврони кӯдакии Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, давраи пурфарозу нишеб ва бас омӯзандае аст. Ӯ дар соли 1877 дар Сиёлкути Покистон чашм ба ҷаҳон гушуд. Падараш дар ҳамон кӯдакӣ ӯро ба мактаби Мавлоно Ғуломҳасан супурд ва ӯ омӯзиши Қуръонро дар мактаб ва масҷид меомӯхт, шабҳо дарсҳои худро дар партави нури шамъ мехонд ва ба хотир месупурд. Устоди ӯ хост ғайр аз омӯзишҳои динӣ, он кӯдакро бо омӯзиши улуми ҷадид ҳам ошно кунад ва аз ин рӯ бо мувофиқати падари Иқбол, устод ӯро ба омӯхтани адабиёти форсӣ ва арабӣ водор кард. Иқбол бисёр боҳушу зирак буд ва омӯзиши ин давраро тақрибан ба муддати 3 сол ба поён расонид ва бо даромади каме, ки аз мағозаи падар ба даст меовард, зиндагии соддаеро сипарӣ мекард.
Ӯ дар ҳамон даврон китобҳои “Футуҳоти Маккия” ва “Фусусул-ҳикам”-и Муҳйиддин ибни Арабиро хонд. Иқбол мегӯяд: “Аз синни 4-солагӣ гӯшҳои ман бо исму таълимоти ин китобҳо ошно шуд ва муддатҳо тадриси ҳар 2 китоб дар хонаи мо идома дошт, аммо дар ибтидои кӯдакӣ ҳамаи ин масоил аз қудрати фаҳми ман бештар буд. Бо ин вуҷуд, дар ин маҷолиси дарс ширкат мекардам, аммо вақте ба забони арабӣ ошноӣ пайдо кардам, қудрату фаҳми ман изофа шуд ва бар асари пешрафт дар илму таҷриба шавқу шинохти ман бештар гардид.”
Ӯ дар соли 1884 ба Панҷоб рафт ва таҳти таълими устодон, омӯзиши забони форсӣ, арабӣ, адабиёти урду, илм ва ҳикматро идома дод ва дар таҳзиби нафс ва фазоили ахлоқӣ дорои рутбаи баланде шуд. Ӯ мегӯяд: “Ман хостаи падарамро пайваста дар назар доштам, онро дар ашъори худ ҳам меовардам, шӯҳрати шоирии ман ҳам густариш меёфт. Ман барои навҷавонон суруди исломӣ менигоштам ва онон бо шавқу завқ ин ашъорро мехонданд ва ҳифз мекарданд.”
Иқбол таҳсилоти такмилии худро дар риштаи фалсафа ба поён бурд ва пас аз поёни таҳсилот, дар донишгоҳ дар риштаҳои таърих ва фалсафа ва улум ба устодӣ баргузида шуд.
Иқбол дар соли 1905 ба ташвиқи пруфесур Тумос Орнулд (Thomas Walker Arnold) ба Англис мусофират кард ва дар Донишгоҳи Кембриҷ ба фаро гирифтани фалсафа машғул шуд ва рисолаи дуктурии худро ба номи “Сайри фалсафа дар Эрон” ба забони англисӣ таҳия кард.
Муҳаммадиқбол чандин сол раиси Донишкадаи мутолеоти шарқӣ ва мудири гурӯҳи омӯзиши фалсафа дар Донишгоҳи Панҷоб буд ва дар айни ҳол ба кори ваколат ҳам мепардохт. Аммо муҳити нобасомони зиндагӣ ва ҳамчунин алоқа ба озодӣ, ӯро ба ширкат дар корҳои сиёсӣ кашонид. Дар соли 1928 ба узвияти Маҷлиси қонунгузории Панҷоб интихоб шуд ва дар 1932 дар конфронсе, ки дар Ландан барои бунёнгузории Қонуни асосии шибҳиқорраи Ҳинду Покистон тартиб дода шуда буд, ширкат кард.
Осори барҷоймонда аз Аллома Иқбол
Ӯ дар нависандагӣ ва шоирӣ истеъдоди беназире дошт ва осори манзумаш ба забонҳои форсӣ ва урду осори ҷовидоне ҳастанд. Зеро вай рӯи эътимод ба нафс ва бозгашт ба ҳувияти исломии ҳамаи мусалмонони ҷаҳон таъкиди фаровон дошт. “Асрори худӣ”, “Румузи бехудӣ”, “Паёми Машриқ”, “Забури Аҷам, “Ҷовиднома”, “Маснавии мусофир” “Пас чӣ бояд кард эй ақвоми Шарқ?!”, аз осори манзуми Аллома Лоҳурӣ аст.
“Бонги даро”, “Хизри роҳ”, “Тулӯъи ислом”, “Боли Ҷабраил”, “Зарби Калим”, “Шиква ва Ҷавоби шиква” ва “Армуғони Ҳиҷоз” (ба форсӣ ва урду), аз ҷумлаи осори ӯ ба забони урду ба шумор мераванд.
Китоби амиқ ва фалсафии дигари Аллома Иқбол “Эҳёи фикри динӣ дар ислом” аст, ки дар соли 1930 дар Лоҳур ба чоп расид ва дар соли 1336 хуршедӣ ба василаи Аҳмади Ором ба форсӣ тарҷума шуд.
Иқбол муддатеро ҳам дар Олмон ба сар бурд ва дар соли 1923 “Паёми Машриқ”-ро дар ҷавоби китоби “Девони ғарбӣ-шарқӣ”-и Гуте (Гёте), шоири олмонӣ суруд.
Сабк ва дарунмояи шеъри форсии Иқболи Лоҳурӣ
Ашъори урдуи ӯ аз назари бакоргирии вожаҳо ва таркибот ва дигар вежагиҳои шеърӣ, таҳти таъсири забони форсӣ аст. Шояд умдатарин далели Иқбол дар гузиниши забони форсӣ барои иброзу изҳори афкор ва эҳсосоти худ, ҳамоно муносиб ташхис додани забони форсӣ барои ин кор буда. Ва дигар ин ки шояд мехоста шеърашро фаротар аз маҳдудаи забони урду қарор диҳад ва фикру паёми ҷаҳонии худро ба форсизабонон низ бирасонад. Бо ин ҳол, сурудани ин ҳама осор ба забони форсӣ он ҳам ашъоре, ки саршор аз мафоҳими олии ирфонӣ, фалсафӣ, инсонӣ ва иҷтимоӣ аст, кори соддае нест ва ҷуз аз фарде нобиға барнамеояд.
Забоне, ки Иқбол дар сурудани ашъори худ баргузид, забони шоирони гузаштаи Эрон ва шибҳиқорраи Ҳинд аст. Бидуни тардид имкони даст ёфтан бад-ин поя дар шеър, бидуни талошу кӯшиш, ҳатто агар инсон аз зумраи навобиғ ҳам бошад, мумкин нест. Иқбол бо нубуғи зотии худ ва мудовимат дар мутолеаи девони порсигӯёни Ҳинду Эрон ва ошно шудан бо зароифу дақоиқи адабӣ ва ҳунарии ашъор, сабкҳои давраҳои мухталифро озмуда ва бо онҳо дасту панҷа нарм карда ва аз тамоми шоирони соҳибсабки давраҳои мухталифи шеърӣ баҳра гирифта ва дар ниҳоят худ ба забону сабки хоссе даст ёфтааст.
Иқбол соддагӣ ва саломати баён, ҷазаба, эҳсос, корбурди ташбеҳоту истиъороти содда ва табиӣ ва дур будани сухан аз таъқидро аз сабки хуросонӣ ва шоирони барҷастаи ин сабк гирифта ва бо баҳрагирӣ аз он, афкори худро баён кардааст. Китобҳо ва мақолоти мутаъаддиде, ки дар бораи иртиботи Иқбол бо Ҳофиз ва Мавлавӣ навишта шуда, ҳаққи матлабро то ҳудуде адо кардааст ва дар ҳитаи адабиёти татбиқӣ ҳамвора баҳси муқоисаи Иқбол бо шоирони дигар аз ҷумла Мавлавӣ, Ҳофиз ва дигарон, бисёр матраҳ будааст.
Иқбол рангинии калом ва овардани анвоъи санойеъи лафзӣ ва маънавӣ аз ҷумла ташбеҳот, истиъороти нодир, талмеҳот ва таркиботи ғарибро аз сабки ироқӣ ба вом гирифтааст.
Шеъри Иқбол ҳарчанд ки рангу бӯи шеъри шоирони қадимиро дорад, аммо ин бад-он маъно нест, ки аз масоили рӯз ва руҳи асри худ таъсир напазируфта бошад. Аз мутолеаи китобҳо ва мақолоти форсие, ки дар бораи Иқбол нигориш ёфта, бармеояд, ки сабки Иқбол ба сабки ироқӣ наздиктар аст ва мухтассоти 2 сабки хуросонӣ ва ҳиндӣ дар он камтар дида мешавад ва ба қавли Муҳаммад Риёз, “Иқбол шоире ориф аст ва рамзу имову тамсилҳои вай сабки шуъарои мутасаввиф, монанди Саноӣ ва Аттор ва Румиро дорад.”
Саранҷоми Аллома Лоҳурӣ
Иқболи Лоҳурӣ дар соли 1934 ба гулӯдард мубтало шуд ва дар соли 1938 ба тангии нафас ва заъфи қалб дучор шуд ва саранҷом ин донишманди бузург, ки ба ростӣ эҳёгари бузурги фикри динӣ дар Машриқзамин буд, 21 апрели соли 1938 дар 61-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Манобеъ:
- Куллиёти ашъори форсии Иқбол, бо муқаддамаи Аҳмади Суруш;
- Ҳунар ва мардум, вежаномаи Иқболи Лоҳурӣ;
- Муҳаммад Риёз. Иқболи Лоҳурӣ ва дигар шуъарои форсигӯй;
- Шаҳини Муқаддам Сафёрӣ, Нақше аз Иқбол.
Irna
Қаламонлайн