Эҷоди ҳамкориҳои илмии Душанбе ва Тошканд

Эҷоди ҳамкориҳои илмии Душанбе ва Тошканд

Ахбори илмӣ-фарҳангӣ

Дар дидори мудирони донишгоҳҳои Садриддин Айнии Тоҷикистон ва Донишкадаи химия ва технологияи Тошканд, ду тараф барои ҳамкориҳои дуҷониба тафоҳумнома имзо карданд.

Мудирони донишгоҳҳои давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ ва ва Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканд, қарори ҳамкории дуҷониба тасвиб намуданд.

Муовини равобити байналмилалии раиси Донишгоҳи омузгории Тоҷикистон, Рухшона Қурбонзода бо Холтура Мирзоқулов, мудири маркази “Азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ”-и Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканд мулоқот намуд.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси омузиши мутахассисон дар чорчуби барномаи омузишӣ ва илмӣ, табодули мутақобили донишҷу, эҷоди шароити лозим барои таъмиқи дониши назарӣ ва илмӣ, давраҳои омузишӣ ва созмондиҳии конфронсҳои муштарак гуфтугӯ намуданд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳошияҳои ишғоли бистсолаи Афғонистон ва ҷиноёти ҷангии Амрико
Саногӯи ту ҳастам

Матолиби пурбоздид