“Явмун лано ва явмун алайно”

“Явмун лано ва явмун алайно”
Ёддошт
Чунонки Расули Худо (с) хитоб ба Абӯсуфён дар ҷанги Уҳуд – вақте мусалмонон шикаст хӯрданд ва ҳазрати Ҳамзаи Сайидушшуҳадо (р) ва ҷамъе аз ёрони бовафои паёмбар шаҳид гаштанд – фармуд:
یوم لنا و یوم علینا
“Як рӯз ба нафъи мост ва як рӯз бар зарари мо”. Рӯзгор чунин аст, ишколе надорад.
Аммо ин поёни ҷаҳон нест, маъракаи мо бо саҳюнистҳо ва ин дарандаҳои дупо идома дорад ва ба қувват ҳам идома хоҳад дошт.
Сайидҳасан рафт, яке дигар ба ҷойи ӯ меояд. Як замон, Сайидаббосро саҳюнистҳо терур карда буданд, ба ҷойи ӯ Сайидҳасан омад. Имом Хумайнӣ дунёро падруд гуфт, ба ҷояш Имом Хоманаӣ омад. Рӯзгор чунин аст. Мо одат дорем.
Ҷанги мо бо саҳюнистҳои хушношом, ҷанги яке дурӯза ва ҳатто яке дусола нест, ин ҷанг то пирӯзии ниҳоӣ бар ин даранда идома хоҳад дошт.
Албатта, рафтани Сайидҳасан, шахсан барои ман бисёр сангин аст, ҳанӯз ҳам бо гузашти чанд соат натавонистаам ин рӯйдодро ҳазм кунам, бо забон наметавонам инро баён кунам, хеле сахт аст, мисли ин аст, ки азизтарин ҷигаргӯшаи худро аз даст додаам, Сайид дар дилам ҷой дошт, маҳбуби қалбам буд, ба ҳар ҳол, чорае надорам ҷуз сабр.
Худо ҳофиз Сайиди азиз! Аз суханони ахират пас аз рафтани беҳтарин фармондеҳони Ҳизбуллоҳ, ба вузуҳ ошкор буд, ки хоҳони пайвастан ба ин корвонӣ, ба муродат расидӣ, вале моро мисли ятимҳо гузоштӣ, ҷигарамонро хун кардӣ!
Ман ҳамеша ифтихори инро дорам, ки туро аз наздик дидаам.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн 
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҳошим Сафиюддин дабири кулли ҷадиди Ҳизбуллоҳ интихоб шуд
Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ

Матолиби пурбоздид