Яман: Беърус-Сабъро бо мушаки “Зулфиқор” ҳадаф қарор додем

Яман: Беърус-Сабъро бо мушаки “Зулфиқор” ҳадаф қарор додем

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз (шанбе) аз анҷоми як амалиёти вежаи мушакӣ алайҳи ҳадафи ҳассос дар Беърус-Сабъ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин (Исроил) хабар дод.

Ба гузориши Алмаёдин, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: “Ягони мушакии артиши Яман бо тавфиқ ва пуштибонии илоҳӣ, амалиёти низомии вежаеро бо муваффақият ба анҷом расонд, ки дар он, як ҳадафи ҳассоси душмани саҳюнистӣ дар минтақаи ишғолии Беърус-Сабъ бо мушаки болистик аз навъи “Зулфиқор” мавриди ҳамла қарор гирифт.”

Вай афзуд: “Тайи ҳафтаи гузашта амалиётҳои низомии мутаъаддиде алайҳи аҳдофи ҳассос ва таъсисоти низомӣ дар Беърус-Сабъ, Ёфо (Телавив) ва Ҳайфо иҷро кардем. Ин амалиётҳо бо чандин мушаки болистик ва паҳподҳои таҳоҷумӣ анҷом шуд ва ҳамагӣ ба лутфи Худо муваффақиятомез буд.”

Сартип Яҳё Сареъ таъкид кард, ки Ямани вафодор ҳаргиз аз масъулиятҳои динӣ, ахлоқӣ ва инсонии худ дар қиболи миллати Фаластин даст нахоҳад кашид.
#iranwins
#Эрон_пирӯз_аст

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қатар: “Фурсати муносибе барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбас дар Ғазза ба вуҷуд омадааст”
Вазири умури хориҷаи Туркия: “Дар тӯли ҷанг паёмҳои Омрикоро ба Эрон мунтақил кардем”

Матолиби пурбоздид