Яман: Ширкати Арамко ва пойгоҳи ҳавоии Арабистонро дарҳам кӯбидем
Ахбори бйналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “Ширкати Арамко ва пойгоҳи ҳавоии Хамис Машити Арабистони Саудиро дарҳам кӯбидем”
Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман унвон дошт: “Дар посух ба таҷовузи золимона бар кишвар ва миллати мо, нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ёрии Худованди Мутаъол ду амалиёти низомии вижа анҷом доданд: нахуст: ширкати Арамко дар Янбуъи Арабистонро бо даҳҳо мушаки болистик ва паҳпод ҳадаф қарор доданд ва исобатҳо ба фазли Худованд дақиқ ва мустақим буд ва мӯҷиби оташсӯзиҳои бузург ва вайронии густарда шуд. Дуввум: пойгоҳи ҳавоии Хамис Машитро бо шуморе мушаки болистик ҳадаф қарор додем ва исобат ба фазли Худованд дақиқ буд.”
Вай тасреҳ кард: “Душмани ҷинояткори саудӣ аз 12 сол пеш таҷовузи золимона ва муҳосираи ҷинояткоронаи худро бар кишвар ва миллати мо идома медиҳад ва дар ин ҳафта таҷовузи худро бо анҷоми беш аз 450 ҳамлаи ҳавоӣ, ки бештари устонҳои Яманро ҳадаф қарор дод, ташдид кард.”
Сартип Яҳё Сареъ унвон дошт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунон аз кишвар ва миллати мо дифоъ хоҳанд кард ва ба душмани ҷинояткори саудӣ дарсҳое хоҳанд омӯхт, ки ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.”
Вай тасреҳ кард: “Мо ба амалиёти низомии худ дар умқи Арабистон, ҳадаф қарор додани таҷаммӯъоти саудӣ ва тасбити муодилаи “муҳосира дар баробари муҳосира” ва “ташдид дар баробари ташдид” то таваққуфи таҷовуз ва поёни муҳосираи кишвари азизамон идома медиҳем”.
Қаламонлайн













