Яман: “Як киштии омрикоиро ҳадаф қарор додем”

Яман: “Як киштии омрикоиро ҳадаф қарор додем”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи расмии нерӯҳои мусаллаҳи Яман, сартип Яҳё Сареъ, (чаҳоршанбе, 10 январ) дар баёнияе эълом кард, ки нерӯи дарёӣ ва нерӯи ҳавоии артиш тайи амалиёти низомии муштарак, як киштии омрикоиро мавриди ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши Алмасира, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бо таъкид бар ин ки ин киштӣ ҳомии ҷиноёти режими саҳюнистӣ буда тасреҳ кард, ки ин амалиёт, посухи аввалӣ ба ҳамлаи хоинонаи душмани омрикоӣ ба нерӯи дарёии кишвари мо буд.
Яҳё Сареъ, бо таъкид бар ин ки Санъо аз бархӯрди мутаносиб бо тамоми таҳдидоти хасмона дар чорчӯби ҳаққи дифоъи машрӯъ аз кишвар, мардум ва уммати худ тардид нахоҳем кард, таъкид кард: “То замоне, ки муҳосараи Ғазза тамом нашавад, ба ҷилавгирӣ аз ҳаракати киштиҳои исроилӣ ё киштиҳои озими бандарҳои Фаластини ишғолӣ, идома хоҳем дод.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман тасреҳ кард, ки мо таъаҳҳуди комили худро ба идомаи ҳаракати амни новҳо ва киштиҳо дар баҳри Сурх ва баҳри Араб ба ҳамаи мақосид, ба ҷуз бандарҳои Фаластини ишғолӣ таъйид мекунем.
Гуфтанист, Фармондеҳи марказии Омрико (CENTCOM) бомдоди имрӯз дар баёнияе иддао карда буд, ки нерӯҳои Яман “ҳамлаи печида”-еро дар баҳри Сурх бо паҳподҳои таҳоҷумии интиҳорӣ, мушакҳои круз ва болистики зидди киштӣ анҷом доданд.
Созмони амалиёти тиҷорати дарёии Ангилис ҳам соатҳои бомдод эълом кард, ки гузоришҳое мабнӣ бар ҳаракати партобаҳои машкук дар обҳои баҳри Сурх наздик ба Яман дарёфт кардааст. Ширкати амнияти дарёии англисии Embry низ гуфт, ки як нафткаш се қоиқро мушоҳида карда, ки аз онҳо ду мушак ба самташ шиллик шуданд.
Тайи амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” артиши Яман дар ҳимоят аз мардуми Фаластин эълом кардааст, ки ба ҳеч киштии исроилӣ ва киштиҳое, ки мақсади онҳо сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст, иҷозаи убур аз тангаи Бобулмандиб ва баҳри Сурхро нахоҳад дод. Омрико ҳам дар муқобили эътилофи дарёӣ ташкил дод, ки то кунун борҳо мавриди ҳамлаи нерӯи дарёии Санъо қарор гирифтааст.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико ҷанги таблиғотиро дар баробари Чин, Эрон ва Русия бохтааст
Ёддоште аз Устод Насибуло Умаров

Матолиби пурбоздид