Зердарёиҳои бидуни сарнишин, ғофилгирии ҷадиди Яман барои Ғарб ва Исроил
Ахбори байналмилал
Masirahtv
Ба гузориши Алмасира, нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба тозагӣ зердарёии бидуни сарнишини худро ба унвони яке аз абзорҳо ва адавоти муҳим дар муқобила бо Омрико, Ангилис ва режими саҳюнистӣ дар ду баҳри Сурх ва Араб ва тангаи Бобулмандиб ба кор гирифтааст. Аммо суоли муҳимтар дар инҷо ин аст: “Ин таслеҳот чӣ аҳаммияте дорад ва чӣ гуна метавонад дар раванди тақобули дарёӣ, бар душманон таъсир бигузорад?”
Дар тӯли моҳҳои гузашта ягони дарёии нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз чанд силоҳ дар муқобила бо душманон истифода карда, ки аз ҷумлаи онҳо мушакҳои болистики зидди киштӣ ва паҳподҳо ҳастанд, бо вуҷуди иддаоҳои душман дар бораи муқобила бо ин силоҳҳо аммо коркарди онҳо ба исбот расида ва беҳтарин мисол барои он, ғарқ шудани киштии ангилисии Rubimar аст.
Ба таври табиӣ касе, ки ин таҳаввулотро дунбол мекунад, ба ин бовари қатъӣ расида, ки нерӯи дарёии Яман кортҳои таъсиргузоре дар даст дорад ва ғофилгириҳои оянда паллаи тарозуро ба нафъи нерӯҳои яманӣ сангин карда ва ҷойгоҳи Яманро дар минтақа тақвият хоҳад кард, худи омрикоиҳо ва ангилисиҳо ҳам ба ин масъала эътироф кардаанд аз ҷумла изҳороти фармондеҳи новгони панҷуми Омрико, ки таъкид кард, Омрико ба танҳоӣ наметавонад дар баҳри Сурх бо Яман муқобила кунад.
Яҳё ал-Маҳдӣ, коршиноси масоили низомӣ дар гуфтугӯе вежа бо шабакаи хабарии Алмасира гуфт: “Вуруди зердарёии бидуни сарнишин ба амалиёти низомии Яман дар баҳри Сурх ва баҳри Араб, паёмадҳо ва аҳаммияти стратегии бузурге дорад, ки раванди амалиёти низомӣ дар ин 2 баҳрро тағйир дода ва муодиларо барҳам хоҳад зад.”
Ал-Маҳдӣ изҳор кард: “Омрико ва Ангилис, ки қудратмандтарин силоҳҳои ҷаҳонро дорад, дар заминаи боздорандагӣ ё сарнагун кардани мушакҳои болистики Яман нотавон монданд ва ҳатто натавонистанд аз размновҳо ва новшиканҳои худ, ки бо он ҷаҳонро ба ваҳшат меандозанд, ҳифозат кунанд, ба лутфи Худованди Таъоло, Омрико ва Ангилис худ ба нотавониашон дар муқобила бо мушакҳои мо эътироф карданд.”
Ин коршиноси низомӣ дар идома гуфт: “Агар вазъияти онҳо бо вуҷуди доштани пешрафтатарин фанновариҳояшон аз ҷумла паҳподҳо ва системҳои родорӣ, ки бо онҳо муқобила шуда ва соқит шуданд, дар муқобила бо мушакҳое, ки аз саккуҳои заминӣ шиллик мешаванд ин аст, пас дар муқобили зердарёиҳо заъифтар ва нотавонтар ҳастанд.”
Зердарёии бидуни сарнишин яке аз ғофилгириҳои Яман буд, чун ҳеч касе интизор надошт яманиҳо чунин таслиҳотеро дар ихтиёр дошта бошанд ва ин яъне, ки Яман аз тавонмандиҳо ва фанновариҳои бисёре бархӯрдор аст, ки онро қодир ба сохти силоҳҳое, ки мекунад, ки ҳеч касе интизори онро надорад.
Ҳамлаи эътилофи саудӣ, ки беш аз ҳашт сол идома дошт, натавонист тавонмандиҳои низомии Яманро нобуд кунад, балки ба он дар заминаи навоварӣ ва тавлид кӯмак кард ва онро ба ин марҳилаи пешрафта расонд.
Бар ин асос, доштани чунин таслеҳоте барои Яман масъала соддае нест, чун онро танҳо кишварҳои бузург ва пешрафта дорад ва ин дар навъ худ чолиши бузурге аст, ки душманон дар даргириҳои шадид дар 2 баҳри Сурх ва Араб бо он рӯбарӯ хоҳанд шуд ва таъсири бузурге дар ҳадаф қарор додан новшиканҳо, размновҳо ва киштиҳои мутахосим алайҳи Яман хоҳанд дошт.
Ал-маҳдӣ дар идома низ таъкид кард: “Ин масъала паёмадҳои бузурге дорад, зеро Омрико ва Ангилис аз артиши Яман интизори ғофилгириҳои бештареро доранд, ки камарашонро хоҳад шикаст ва барои онҳо дарди сар эҷод хоҳад кард ва онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба дасти мардоне, ки ба ваъдаи Худованд вафодор буданд, шикаст дода хоҳанд шуд. Онҳо шароити лозимро фароҳам карданд пас Худованд ҳам онҳоро ёрӣ кард. Ин масъала нишон медиҳад, ки эътимод ба Худованди Таъоло ҳамон чизе аст, ки онҳоро қодир ба шикаст додани душманонашон хоҳад кард. Ба ёрии Худо ояндаи низомии Яман дар сатҳи кишварҳои арабӣ, беҳтар ва қудратмандтар хоҳад буд.”
Ин дастоварди вежа ва чашмгир дар чорчӯби тақвияти мустамарри тавонмандиҳои низомии Яман дар пайи ташдиди ҳамалот ва ҷиноёти душмани саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза ва низ тадовуми ҳамалоти Омрико ва Ангилис алайҳи Яман ба далели ҳимоят ва пуштибониаш аз Ғазза ҳосил шуд.
Муҳаммадалӣ Ҳусӣ, яке аз раҳбарони Ансоруллоҳи Яман, дар суханронии ахир худ, ҳамалоти нерӯҳои мусаллаҳи Яман алайҳи 54 киштии омрикоӣ, ангилисӣ ва саҳюнистӣ дар 2 баҳри Сурх ва Арабро ифшо кард, омори бузурге барои як давраи панҷмоҳа, агар доманаи ҷанг ва даргирӣ густариш ёбад, ин омор бавежа бо вуруди зердарёиҳо ва дигар таслеҳоте, ки бисёреро шигифтзада хоҳад кард, эҳтимолан афзоиш меёбад.
Masirahtv
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: