Ғурури илм

Адаб

Ғурури илм

Мактаби инсоният

“Ҳамон тавре, ки инсон гоҳе ба моли худ мағрур мешавад ва ҷунуни сарват ӯро мегирад ва хаёл мекунад, ки молу сарват, ки ба чанг оварда ӯро аз ҳама чиз бениёз мекунад ва метавонад ӯро дар дунё ҷовидон созад ё гоҳе ба ҷоҳу мақоми худ мағрур мешавад ва ҷунуни ҷоҳу мақом бар мағзаш чира мегардад ва ба туғёну фасод дар рӯйи замин мепардозад, ҳамин тавр ҳам гоҳе ғурури илм бар инсон мусаллат мешавад ва як навъ ҷунун бар ӯ чира мешавад. Бо ин фарқ, ки ҷунуни сарвату қудрат, аз сарвати зиёд ва қудрати зиёд пайдо мешавад ва ҷунуни илм, аз илми кам ва идроки заиф. Мегӯянд, ҳар чизе вуҷуди ноқисаш беҳтар аст аз адами маҳз магар илм, ки ҳеч надоштанаш аз ноқис доштанаш беҳтар аст. Зеро илми ноқис ҷунуновар ва сукровар ва масткунанда аст. Албатта молу ҷоҳ ҳам ҷунуновар ва сукроваранд, аммо ҷунуни инҳо аз зиёдӣ пайдо мешавад, бар хилофи сукри илм ва ҷунуни илм, ки аз камӣ ва нақси он бармехезад, на аз зиёдӣ…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Бист гуфтор)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарнагунии 13-умин паҳподи омрикоӣ
Тамсиле аз Маснавӣ

Матолиби пурбоздид