Қарздортарин ширкатҳои кишвар

Қарздортарин ширкатҳои кишвар

Хабарнома

Вазорати молияи Тоҷикистон номгӯи қарздортарин ширкатҳои кишварро эълон кард. Мисли ҳамеша дар садри рӯйхат ширкатҳое қарор доранд, ки бо чанд сабаб бояд сердаромадтарин бошанд.

Рӯйхатро “Барқи тоҷик” бо 32 млрд сомонӣ шурӯъ кардааст. Дар асл ин ширкат 20 соли охир “раҳбарии” рӯйхати қарздоронро ба дӯш дорад ва коршиносон онро “қарздортарин ширкати ҷаҳон” баровард кардаанд. Баъди бозсоз “Барқи тоҷик” ба се ширкат — худи ҶҲК “Барқи тоҷик”, «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва «Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ» тақсим шуд. Ду ширкати нав ҳамон гуна, ки аз номашон маълум аст, ба интиқол ва тақсимоти барқ машғул хоҳанд шуд.

Қарзи умумии барқи тоҷик бо дарназардошти қарзҳои барои пружаҳои энержии барқӣ дарёфтшуда ба беш аз 32 млрд. сомонӣ ($3 млрд.) мерасад. Ҳамаи қарзҳои “Барқи тоҷик”, ки то соли 2021 ба вуҷуд омадаанд, чи дебиторӣ ва чи кредиторӣ, дар баланси ҶҲК “Барқи тоҷик” боқӣ хоҳад монд.

Ин ширкат ҳар сол на камтар аз $400 млн зарар медид (бо қурби имрӯза 4,3 миллиард сомонӣ) ва ин ба як анъана табдил шуда буд. Шурӯъ аз соли 2019 мақомот зарари солонаи “Барқи тоҷик”-ро пинҳон медоранд. Аммо аз бархе хабарҳои дигар метавон тахмин зад, ки зарарҳои ҳангуфти “Барқи тоҷик” ҳамоно идома дорад. Барои мисол, як анъанаи дигар вуҷуд дорад, ки “Барқи тоҷик” танҳо 35-40 дарсади плуи бақри харидааш аз НОБ “Сангтӯда-1”-ро пардохт мекунад ва ҳар сол аз ин нерӯгоҳ 35-40 миллион доллар қарздор мешавад. Бо вуҷуди ин ки мақомот қарзи “Барқи тоҷик”-ро чор соли охир эълон намекунанд, ин хабар соли гузашта расонаӣ шуд, ки ин ширкат боз аз НОБ “Сангтӯда-1” қарздор шудааст. Анъанаи дигаре ҳам ба додугирифти ин ду окрхона вуҷуд дорад — қарзи “Барқи тоҷик” аз НОБ “Сангтӯда-1”-ро ҳамеша давлат аз ҳисоби буҷа пардохт мекунад.

Қарздори бузурги дигар, ки дар асл қарор буд кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, ба бузургтарин манбаъи содирот ва даромади буҷа табдил шавад ва онро “Кохи нур” ҳам номида буданд — НОБ “Роғун” аст, ки ба як кохи бузурги қарз табдил шудааст. Қарзи ин нерӯгоҳ ҳам бо саббаҳои номаълум (аниқтараш маълум аммо ба хотири дур доштани зеҳни ҷомеъа аз дуздиҳои бузург) пинҳон дошта мешавад. Бори охир ҳаҷми он соли 2020 эълон шуда буд — он замон ин нерӯгоҳ 1 миллиард сомонӣ (ҳудуди $100 млн) эълон шуда буд. Аз он пас ҳаҷми қарз пинҳон дошта мешавад. Аз аҷобатҳои қарзи ин нерӯгоҳи бузург ин аст, ки баробари шурӯъ истеҳсоли барқ қарздоршавии он ҳам шурӯъ шуд ва имкон дорад ҳоло ба чанд миллиард расида бошад.

Дар рӯйхати қарздорҳои бузург, ҳарчанд қарзаш аз қарзи “Барқи тоҷик” қариб 100 баробар ва аз НОБ “Роғун” чанд баробар камтар аст — “Тоҷик Эйр” истодааст. Қарзи ин ширкат ба $40 млн баробар аст, ки нимашро ӯҳдадории он назди ширктаи литвонии Skyroad Leasing барои истифодаи лизингии ду ҳавопаймо ташкил медиҳад.

Ширкати дигари қарздори бузург ҶСК “Алюминсохтмон” гуфта мешавад, ки ҳамаи саҳмияҳои он ба Ширктаи алюминии тоҷик ё ТАлКо мутаалиқ аст.

Ҳаҷми қарзи ин шикрат ҳам эълон нашудааст.

Соли 2019 ҳукумат ба Вазорати молия супориш дод ҳамроҳ бо сохторҳои марбутаи дигар чораҳои сареъ барои кам кардани қарзҳои ширкатҳои бузурги давлатӣ андешанд. Шумори умумии чунин ширкатҳо 21 адад гуфта мешуд. Аммо ин супориши ҳукумат, аниқтараш раиси он Эмомалӣ Раҳмон ҳам мисли ҳамаи супоришҳояш рӯи қоғаз монд.

Коршиносон сабаби аслии иҷро нашудани ин супоришҳоро дар ин мебинанд, ки ширкатҳои бузурги давлатӣ асосан аз тарафи худи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ғорат мешавад ва “чораҳо”-е ҳам агар андешида шавад, “чораандешҳо” қудрати роҳандозии ҳеҷ кадоме аз онҳоро нахоҳанд дошт, чун зӯрашон ба фарзандони “пешво” намерасад.

Тибқи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 800 ширкати давлатӣ ба қайд гирифта шудааст. Бузургтарини он иборанд аз ҶҲК “Ширкати алюминии тоҷик” (100%), ҶҲК «Роғун» (95%), ҶҲК “Тоҷиктелеком” (95%), зерсохторҳои “Барки точик” (100%), ҶҲК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶҲК “Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе” (100%), ҶҲК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶҲК «Тоҷиксемент” (100%).

Дар умум қарзи ҳамаи ширкатҳои давлатии Тоҷикистон то нимаи дувуми соли гузашта каме бештар аз 53,5 млрд сомони ($5,2 млрд) эълон шудаааст.

Шумори ширкатҳои зараровар 23 дарсади ҳамаи ширкатҳоро ташкил медиҳанд.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Ориё Суҳроб)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оғози фаъолияти дипломатҳои Толибон дар Эрон ва Туркия
“Садои Шарқ” – Маҷаллае бо маҳсули кории як пажуҳишгоҳ

Матолиби пурбоздид