Қаҳрамонон ва хоинон аз дидгоҳи таърих
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Таърих чӣ касонеро ба унвони хоин ва чӣ касонеро қаҳрамон мехонад?
Ҳамаи мо, тоҷикҳо то ҳудуде аз таърих огоҳем, лоақал он миқдор, ки дар китобҳои дарсӣ омадааст. Ва ҳатман ин номҳо ба гӯшамон хӯрда: Спитамен, Сакоиҳо, Сарбадорон, Наҷмиддини Кубро, Темурмалик, Султон Ҷалолуддин, аъёну ашроф ва руҳониёни Бухоро ҳангоми ҳамлаи муғул ва ғайра…
Хуб, дар ҳоле, ки аз Спитамен ё Темурмалик ва ё Наҷмуддини Кубро меситойем ва қаҳрамонашон мехонем, бархе сардорони сакоӣ ва ё аъёну ашроф ва руҳониёни Бухороро сахт менакӯҳем ва хоинашон унвон мекунем. Чаро?
Ба ин далел, ки Спитамен, ин сипаҳсолори суғдӣ, вақте бегонаҳо яъне мақдуниҳо ҳамла карданд, аз сарзаминаш ва аз марзу бумаш дифоъ ва ҷонона ҷангид. Темурмалик ва ё Султон Ҷалолуддин ҳамчунин дар муқобили муғулон истоданд ва ҷангиданд ва дар ин роҳ кушта шуданд. Аммо сардорони сакоӣ ба суди душмани мутаҷовиз алайҳи Спитамен ҷангиданд. Ва ё аъёну ашроф ва руҳониёни Бухоро ҳангоми ҳамлаи муғул, ба хотири аҳдоф ва ағрози пасти шахсӣ, аз Чингиз ва мутаҷовизони муғул истиқбол ва барои онҳо фарши қирмиз паҳн карданд.
Устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” дар фасле, ки дар бораи “истилои муғул” аст, он ҷо, ки дар бораи муқовимати аҳолии Самарқанд дар баробари сипоҳиёни Чингиз мегӯяд, менависанд: “Ба ақидаи шоҳидони давр, ин шаҳр метавонист ба муҳосираи чандинсола тоб оварад. Рӯзи севуми муҳосира мудофиакунандагони шаҳр аз қароргоҳи худ баромада, ба душман ҳамлавар шуданд. Дар ин ҳуҷуми ногаҳонӣ дастаи сершумори аскар иштирок намуд. Онҳо як миқдор аскарони муғулро нобуд карданд. Вале худ ба иҳотаи душман афтода, ба зарбаи сахт дучор шуданд, аксари онҳо дар майдони набард ҳалок гардид. Ин ҳуҷуми бебарор ба руҳияи мудофиакунандагон таъсири ногуворе расонд. Аъёну ашроф ва руҳониёни риёкор аз ин ҳолат истифода карда, қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то дар роҳи таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Субҳдам онҳо хоинона дарвозаи шаҳрро ба рӯйи муғулҳо кушоданд. Қӯшуни чингизӣ ба шаҳр зада даромада, ба қатли ом ва ғоратгарӣ шурӯъ намуд. Фақат хиёнаткорон ва онҳое, ки ба паноҳи муғулҳо омада буданд, ҷон ба саломат бурданд…”
Албатта ҳамаи руҳонияти Фарорӯд, ки чунин набуданд. Баъзе аз онҳо то охирин нафас алайҳи мутаҷовиз дар дифоъ аз кишвари худ ҷангидаанд, мисли Имом Рукнуддин Имомзода. Ибни Асир дар “Алкомил” (10/405) менависад: “Дар Бухоро фақеҳи олиқадр Имом Рукнуддин Имомзода ва фарзандаш ва ҳамчунин Садруддинхон, қозии шаҳр, ҳамроҳ бо соири мардум то охирин нафас ҷангиданд ва ба қатл расиданд…” Ва ҳамчунин менависад: “Дар Ҳамадон фақеҳи шаҳр дар арсаи набард бо душман ҷон дод…”
Ва ё шайх Наҷмиддини Кубро, бунёнгузори равияи Кубравия, ки аз ӯ ба унвони ориф, мутакаллим, файласуф ва шоир ёд мешавад. Хондамир дар “Ҳабибус-сияр” (3/35-36) дар бораи шайх Наҷмуддин менависад: “Ба ҳангоми муҳосираи шаҳри Ҷурҷония ба тавассути Ҷучӣ, фарзанди аршади Хон (Чингиз), чун муғулон медонистанд, ки вай сокини шаҳр аст, дастур доданд шайх бо хонаводааш хориҷ шаванд, то пас аз судури фармони қатли омм, газанде ба онон нарасад. Шайх на танҳо ин даъватро напазируфт, балки зуд лаббодаи (ҷомаи) пашминаро канор гузошт ва либоси разм пӯшид ва ба ҳамроҳи мардуми шаҳр он қадр ҷангид, то кушта шуд…”
Ҳалабӣ (с.140-141) дар бораи шаҳодати шайх Наҷмуддини Кубро менависад: “Гӯянд, ки шайх Наҷмуддин дар вақти шаҳодат, парчам (мӯйи кокул)-и муғулеро гирифта буд ва пас аз он ки аз по дарафтод, даҳ кас натавонистанд он кофирро аз дасташ халос созанд ва оқибат кокули кофирро буриданд…”
Ин аст, ки аз Спитамен ва Темурмалик ва Султон Ҷалолуддин ва Наҷмуддини Кубро ва Имом Рукнуддин ба унвони қаҳрамонон ва аз он аъёну ашрофи шикамбораи Бухоро ва ё сардорони сакоӣ ба унвони хоинон ёд мекунем. Шумо ҳеч тоҷики солимеро пайдо намекунед, ки масалан аз Темурмалик накӯҳиш ва аз он аъёну ашрофи Бухоро, ки фарши қирмиз барои муғулон паҳн кардаанд таърифу тамҷид карда бошад, балки ҳамагон ин мавҷудотро нафрин мекунанд.
Усулан, ин фитрӣ аст. Яъне фитрати одамӣ ҳукм мекунад, ки дифоъкунанда аз марзу бумро қаҳрамон бидонем ва аммо касеро, ки аз бегона мехоҳад ба сарзамини ӯ ҳуҷум кунад, хоин унвон намоем. Ин як ҳукми фитрист.
* * *
Ҳол, худ қазоват кунед: имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз мустақилтарини кишварҳост, аз сӯйи Омрико ва зӯргӯёни ҷаҳон мавриди таҳдид аст ва ин қулдурҳо аланан мегӯянд, мо ба ин кишвар ҳамла мекунем – дуруст мисли Искандар ва Чингиз – ва афроде дар ин миён аз мутаҷовиз мехоҳанд ва илтимосаш мекунанд, ки ба кишварашон ҳамла кунад, касе мисли Ризо Паҳлавӣ. Ва бисёр ҷойи таассуф аст, ки афроде ҳам аз ин хоин ҳимоят мекунанд.
Хуб, ин одамак ва ҳаводоронаш, чӣ тафовуте бо он сакоиҳо, ки алайҳи Спитамен ҷангиданд ва ё он аъёну ашроф ва руҳониҳои Бухоро, ки аз Чингиз хостанд ба Бухоро ҳамла кунад, доранд?!
Ва аҷиб аст, ки баъзе аз афрод, ки аз мудофеъони марзу буми худамон – ки ба “босмачиҳо” маъруфанд – тамҷид мекунанд, аммо ҳаминон имрӯз аз тарафдори пару поқурси ҳамлаи Омрико ба Эрон ҳастанд.
Гоҳе лозим аст, мо аз берун ба худамон ва кирдору рафторамон нигоҳ кунем, ки оё дуруст мавзеъ гирифта ва мегирем ва ё нодуруст. Ҳамон сардорони сакоӣ ва ё аъёну ашрофи хоини Бухоро, ки аз Чингиз дархости ҳамла ба Бухоро карда буданд, дар замони худашон чи басо амали худро тавҷеҳ мекарданд чунонки имрӯзиҳо низ фақат ба далели ин ки аз руҳонӣ ва мулло ва Оятуллоҳ Хоманаӣ хушаш намеояд, рафтори хоинонаи худро тавҷеҳ мекунад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн













