Қитъае аз Рӯдакӣ ва ёде аз устоди Донишгоҳи миллӣ

Таърих

 

 

Қитъае аз Рӯдакӣ ва ёде аз устоди Донишгоҳи миллӣ

Тобистони соли 2008 давоми даҳ рӯз бо яке аз устодони машҳуру некноми Донишгоҳи миллӣ, зиндаёд Файзулло Умаров бо як маъмурияте дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор доштем. Мо боястӣ барои донишгоҳамон аз миёни довталабони ин вилоят мувофиқи квотаи президентӣ донишҷӯ интихоб мекардем. Моро боз тақрибан 10-15 устоди дигари донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Тақрибан ҳар рӯз пас аз ҷамъбасти озмун дар ноҳияҳо афроде шикоят мекарданд. Аммо касе ба натиҷаҳои мо ва наҳваи қабули ҳайати донишгоҳи мо эътироз намекард. Зеро рӯзи аввали озмун устод Умаров ба ман мисли фарзанд муроҷиат карда, гуфтанд, ки “бародарҷон, ҳамин мардум бо фарзандонашон ба умед омадаанд, мо бояд умедашонро нашканем. Агар сухане ин ҷо дар бораи мо гуфта шавад, аз худамон пештар ба Душанбе ва донишгоҳ мерасад. Ҳеч гоҳ обрӯятонро барои хоҳиши кадом одаме дар хатар нагузоред”. Ҳамин муносибат буд, ки ба ману устод Умаров мизбонон (масъулони ҳукумати вилоят ва ноҳияҳо) бо як эҳтироми хосс рафтор мекарданд. Бо устод Файзулло Умаров дар як донишгоҳ кор кунем ҳам, ошноии ман бо эшон аз тариқи маҳфилҳои хешу табору пайвандони он кас барқарор буд. Наздики сӣ сол аст, ки бо яке аз пайвандони эшон, ки ӯ ҳам марди фозилу хушахлоқ аст, дӯсту бародарем.

Ҳамон сол дар ҷумҳурӣ 1150-солагии устоди шеъри порсӣ Рӯдакии бузургвор таҷлил мегашт. Маъмурияти мо ба анҷом мерасид. Дар маркази ноҳияи Айнӣ, ки рӯзи охирон қарор доштем, бахшида ба ин ҷашн овезаву аксу ашъори устод Рӯдакиро насб карда буданд. Вақти берун шудан аз мактаб аз девори он, қитъаи маъруфи устод Рӯдакиро, хондаму бо овоз ба шарики роҳу ҳамсафарам, ки беш аз сӣ сол аз ман бузургтар буд, хондам:

Ай дареғо ки хирадмандро,

Бошад фарзанду хирадманд не,

В-арчӣ адаб дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Устод Файзулло Умаров фармуданд, як бори дигар бихонед ва сипас исрор карданд, ки як бори дигар ҳам бихонед. Ба ман менигаристанду мегуфтанд, “чӣ қадр ҳакиму донишманд будааст ин Рӯдакӣ. Мо ӯро фақат як шоир медонем. На, ӯ нахуст як ҳаким аст, сипас як шоир! Илтимос, ин шеърро барои ман ҳам нависед” Ин марди фозилу рӯзгордида то расидан ба меҳмонхона, ки чандон дур набуд, аз ин қитъаи Рӯдакӣ мегуфту бар умри гузашта таассуф мехӯрд. Чанд гилоя низ кард. Мо бо замзамаи ҳамин қитъа ба утоқи муштараки меҳмонхона ворид шудему истироҳат кардем. Вақте устод Файзулло Умаров бедор шуданд, боз атрофи ҳамин қитъаи Рӯдакӣ гап зада, нигоҳе ба сақфи утоқ карданд. Сипас аз ман хостанд аз доруе, ки ҳамроҳ доштанду онро истифода мекаранд, 15 қатра резаму барояшон бидиҳам. Доруро истеъмол карданду нафасе амиқ кашида ба рӯйи бистар хобиданд. Ман нигарон шудаму устодони донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро, ки дар утоқи ҳамсояи меҳмонхона қарор доштанд, даъват кардам. Онҳо набзу зарабони қалби устодро санҷиданду гуфтанд “агар зикре медонед бихонед, ки нафасҳои охири умри устод аст”. Ман ҳам, ки ҳеч гоҳ дар умрам чунин саҳнаеро надида будам, тақрибан се дақиқа чанд зикру дуоеро, ки медонистам хондам ва устод Умаров дар назди ману ду устоди донишгоҳи тиббӣ дар ниҳояти оромӣ чанд бор нафаси амиқ кашиданду ҷон ба ҷонофарин таслим карданд. Табибони бемористони ноҳия ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ ҷисми устодро муойина ва фавти ӯро таъйид карданд.

Ҳамон бегоҳ бо мусоидати ҳукумати ноҳияи Айнӣ, пайкари беҷони ин устодро ба Душанбе овардаму ба аҳли хонаводааш таҳвил додам. Фардои он рӯз мардуми зиёде дар ташйиъи ҷанозаи ин устоди некному донишманд ҳузур ёфтанд. Ҳама дареғогӯйи устод Файзулло Умаров буданд. Ман ҳатто фурсат наёфтам, ки чор мисраи болоро нависаму ба устод диҳам. Ҳар бор ин қитъаи пурмазмуни Рӯдакиро замзама кунам, мутаассир шудани ин устод аз ашъори пурмазмун ва марги осони вайро ба ёд меоварам. Дуруд бар равони падари шеъри форсӣ Рӯдакии бузургвор, ки ашъораш бо гузашти ҳазор сол ҳанӯз қалбҳои моро такон медиҳаду ба андеша вомедорад! Ёди устоди некноми Донишгоҳи миллӣ Файзулло Умаров гиромӣ бод, ки ҳамвора дар маҳофили илмии донишгоҳ сутуда мешавад!

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайфулло Муллоҷон

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Забони нешдор…
Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ ва ҷаҳон

Матолиби пурбоздид