Қитъае зебо аз Устод Абдурашид Фозил

Адаб

Қитъае зебо аз Устод Абдурашид Фозил

Номаи маҳбуб бар дастам расид

Шодӣ омад мурғи ғам аз дил парид.

Номаро бикшодаму дидам ки ӯ

Мекунад моро ҳамеша ҷустуҷӯ.

Номааш нуреву нуре андарун

Меравад андар тани ҷонҳо чу хун.

Номае ки баҳри дидан руйи он

Рӯ ба рӯ бояд шудан бо рӯйи ҷон

Номае ки чашми дил хонандааш

Аз Худо бошад биҷӯяд бандааш.

Номае, ки буди мо аз буди ӯ

Ҳастии мо ҷумлагонӣ ҷуди ӯ.

Номае ки дар дили девонаам

Гашт пайдо аз будаш афсонаам.

Номае ки ман барад мо оварад

Қайсро бар сӯи саҳро оварад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Марги миллат
Ду киштии исроилӣ дар уқёнуси Ҳинд мавриди ҳамла қарор гирифт

Матолиби пурбоздид