Қитъаи зебое аз Лоиқ Шералӣ
Ба ҳама нағмаи ноҷур дилам месӯзад
Ба ҳама тинати бенур дилам месӯзад.
Зи ҳама раъшаи пирона танам меларзад,
Ба асогирии ҳар кур дилам месӯзад.
Беди маҷнун шуда сархам зи маломат бинам,
Ба ҳама валвалаю шӯр дилам месӯзад.
Офтоб аз ҳасади шамъ наафтад зи фалак,
Ба шикоятгари пурзӯр дилам месӯзад.
Ҳар гаҳе то ба фалак роҳ барад маҳвора
Ба дили ошиқи раҳдур дилам месӯзад.
Ба раҳи кӯршуда беравуою такутоз,
Ба сари холию мағрур дилам месӯзад.
Ба қади модари пирам, ки заминбӯс шуда,
Мениҳад по ба лаби гӯр, дилам месӯзад.
Устод Лоиқ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн