Қолибоф дар дидор бо раҳбарони Ҳамос: Хунхоҳии имоми шаҳид, озодии Қудс аст

Қолибоф дар дидор бо раҳбарони Ҳамос: Хунхоҳии имоми шаҳид, озодии Қудс аст

Ахбори байналмилал

Ба гузориши хабаргузории ЭронОнлойн, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон, дар дидор бо раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос таъкид кард:

“Хунхоҳии имоми шаҳид, озодии Қудс аст, мо бо Омрико сулҳ надорем ва Исроилро ба расмият нахоҳем шинохт”.

Вай афзуд: “Тибқи раҳнамудҳои раҳбари муаззами инқилоб, камокон ба ҷабҳаи Муқовимат кӯмак мекунем. Ин кӯмак, дар сурати ниёз, бо мушак ва агар ниёз ба фишори сиёсӣ бошад, фишор аз ин тариқ хоҳад буд.”

Муҳаммад Дарвеш, раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос низ гуфт: “Он чи дар тафоҳумномаи Эрон ва Омрико ба даст омад, як пирӯзии бузург барои Муқовимат аст ва так ба таки бандҳои тафоҳумнома пирӯзии Эрон ва шикасти Омрикост. Мо ба таври вижа аз гунҷондани банди марбут ба иттиҳоди Эрон дар ҷабҳаи Муқовимат дар ин тавофуқнома қадрдонӣ мекунем. Ин нишон медиҳад, ки Эрон дар майдони диплумосӣ низ метавонад мувозинаро ба нафъи уммати исломӣ тағйир диҳад.”

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Медведев: Эрон силоҳе қудратмандтар аз тангаи Ҳурмуз дар ихтиёр дорад

Матолиби пурбоздид