Қоонӣ: Сипоҳ то решакан шудани саҳюнизм дар канори Ҳизбуллоҳ аст

Қоонӣ: Сипоҳ то решакан шудани саҳюнизм дар канори Ҳизбуллоҳ аст

Ахбори байналмилал

Паёми фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Эрон ба дабири кулли ҷадиди Ҳизбуллоҳ: “Нерӯи Қудс то решакании саҳюнизм дар канори Ҳизбуллоҳ аст”

Женерол Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Ҷ.И.Эрон, дар паёме, интихоби шайх Наим Қосимро ба унвони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, матни ин паём ба шарҳи зер аст:

إن الله یأمرکم أن تؤدوا الامانات إلی أهلها

Муҷоҳиди фидокор ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин, ҷаноби оқои шайх Наим Қосим – ҳафизакумуллоҳ!

Салом алайкум

Худованди бузургро сипосгузорем, ки дар ин мақтаъи таърихӣ ва дар интихобе сарнавиштсоз, ҷаноби олӣ, ки шахсияте муҷоҳид, қадимӣ, бо собиқаи дурахшон ва маҳбуб дар миёни оҳоди размандагони сарафрози муқовамат ҳастед, масъулияти сангин ва арзишманди дабирии кулли Ҳизбуллоҳи қаҳрамонро ба ӯҳда гирифтед.

Инҷониб зимни гиромидошти ёду хотираи ҷовидона ва арҷ ниҳодан ба мақоми волои муҷоҳиди кабир шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва адои эҳтиром ба шаҳиди рашид ва фидокор Сайидҳошим Сафиюддин ва фармондеҳон, масъулин ва размандагони шаҳиди Ҳизбуллоҳ (ризвонуллоҳи Таоло алайҳум), ки дар пайи ҷиноёти бонди табаҳкори саҳюнӣ ба дараҷаи рафеи шаҳодат ноил омадаанд, аз маҳзари Худованди бузург хосторам, ки иншоаллоҳ масири нуронӣ ва ҷиҳодии шаҳидон, бо мудирият ва раҳбарии ҷаноби олӣ бо суръат ва салобати бештар идома ёбад.

Итминон медиҳам, бародарони шумо дар нерӯи Қудс то решакании шаҷараи хабисаи саҳюнизм ва озодии Фаластин ва Қудси шариф, дар канори ҷаноби олӣ ва Ҳизбуллоҳи қаҳрамон хоҳанд буд.

و ما النصر الّا من عند الله العزیز الحکیم

Бародари шумо, сартипи посдор Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳалокати 95 нафар низомии исроилӣ дар Лубнон
Euronews: Суиқасд ба ҷони раиси Ситоди кулли артиши Исроил

Матолиби пурбоздид