Қофилае, ки ба ҳаҷ мерафт

Таърих

Қофилае, ки ба ҳаҷ мерафт

Қофилае аз мусалмонон, ки оҳанги Макка дошт, ҳамин ки ба Мадина расид, чанд рӯзе таваққуф ва истироҳат кард ва баъд, аз Мадина ба мақсади Макка ба роҳ афтод.

Дар байни роҳи Макка ва Мадина, дар яке аз манозил, аҳли қофила бо марде мусодиф шуданд, ки бо онҳо ошно буд. Он мард дар зимни сӯҳбат бо онҳо, мутаваҷҷеҳи шахсе дар миёни онҳо шуд, ки симои солеҳин дошт ва бо чобукӣ ва нишот машғули хидмат ва расидагӣ ба корҳо ва ҳоҷатҳои аҳли қофила буд. Дар лаҳзаи аввал ӯро шинохт. Бо камоли таъаҷҷуб аз аҳли қофила пурсид:

— Ин шахсеро, ки машғули хидмат ва анҷоми корҳои шумост, мешиносед?

— На, ӯро намешиносем. Ин мард дар Мадина ба қофилаи мо мулҳақ шуд. Марде солеҳ ва муттақӣ ва парҳезгор аст. Мо аз ӯ тақозо накардаем, ки барои мо коре анҷом диҳад, вале ӯ худаш моил аст, ки дар корҳои дигарон ширкат кунад ва ба онҳо кӯмак бидиҳад.

— Маълум аст, ки намешиносед, агар мешинохтед ин тавр густох набудед, ҳаргиз ҳозир намешудед монанди як ходим ба корҳои шумо расидагӣ кунад.

— Магар ин шахс кист?

— Ин, Алӣ ибни Ҳусайн Зайнулобидин аст.

Ҷамъият, ошуфта бапо хостанд ва хостанд барои маъзарат дасту пойи Имомро бибӯсанд. Он гоҳ ба унвони гила гуфтанд:

— Ин чӣ коре буд, ки шумо бо мо кардед?! Мумкин буд Худой нохоста мо ҷасорате нисбат ба шумо бикунем ва муртакиби гуноҳи бузург бишавем.

Имом гуфт:

— Ман амдан шуморо, ки маро намешинохтед барои ҳамсафарӣ интихоб кардам, зеро гоҳе бо касоне, ки маро мешиносанд мусофират мекунам, онҳо ба хотири Расули Худо (с) зиёд ба ман утуфат ва меҳрубонӣ мекунанд, намегузоранд, ки ман ӯҳдадори кору хидмате бишавам. Аз ин рӯ моилам ҳамсафароне интихоб кунам, ки маро намешиносанд ва аз муаррифии худам ҳам худдорӣ мекунам, то битавонам ба саодати хидмати руфақо ноил шавам.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мусалмон ва китобӣ
Дарсҳои омӯзандаи қиёми ҳусайнӣ

Матолиби пурбоздид