Ҳадафи аслии Тромп пароканда сохтани эътилофи осиёист

Таҳлили хабарӣ

Ҳадафи аслии Тромп пароканда сохтани эътилофи осиёист

Бознашр аз Миллат

Трамп як масхарабоз нест!

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико агарчӣ натавонист тавре гуфта буд, якшаба ҷанги Украинаро хомӯш кунад, аммо дар гироиши равобити байналмилалӣ чархиши куллӣ ва ғайри интизори ҳама ба вуҷуд овард. Ба гунае, ки ҷаҳон ғофилгир шуда, ҳатто қобилияти дарк, таҳлил ва ҳазми онро надорад. На муттаҳидони ИМА ҳарфе барои гуфтан доранд ва мухолифонаш ёрои таҳлили онро. Расонаҳои ҳангоматалаби дунё ҳам хомӯшанд ва ҳақиқатро намегӯянд.

Трамп ҳатто фурсати андешидан роҷеъ ба иқдомоти худро ба касе намедиҳад. Касе ҳарфе барои гуфтан надорад, ки Трамп чӣ кор мекунад ва чӣ мехоҳад. Ин баёнгари он аст, ки дар ҳақиқат дунё ба як деҳкадаи бузурге табдил шудааст ва тасмимҳои бузурги ҷаҳонӣ дар ҳамон маконе гирифта мешаванд, ки фикрҳои бузург низ дар ҳамон ҷо тавлид мешаванд. Расонаҳои ҷаҳон низ аз ҳамон як макон тағзияи мағзӣ ва таъмини фикрӣ мешаванд ва ба ҳайоҳу мепардозанд. Ва ҳоло расонаҳо дар мавриди Трамп ва амалкарду баёнияҳои зиду нақизи он чизе намегӯянд. Трамп Зеленский, раиси ҷумҳури Украинро диктатор мегӯяд ва ИМА аз қатъномаи алайҳи Русия дар СММ диофъ накард. Қатъномае, ки Русияро таҷовузкор меномид. Яъне ИМА Русияро дар Украин дигар таҷовузкор намедонад. Аммо матбуоти озоди Ғарб, хусусан Урупо тақрибан бетафовут ба он менигарад.

Доналд Трампро як раиси ҷумҳури тиҷоратпеша ва бо тафаккури сармоядорӣ мешиносанд. Дуруст аст, ки иқдомотии амалгароёнааш ин тарзи тафаккурашро барметобад. Аммо дар мавриди Украин ва масъалаи дигари ҷаҳонӣ он чи Трамп мегӯяд, мавқеи маркази қабули қарор ва тавлиди фикри ИМА аст. Тасмими ИМА хотимаи ҷанг дар Украин аст. Ин амалан пирӯзии Русия маҳсуб мешавад. Ва ин натиҷаи музокираи як рӯзаи ҳайатҳои Русия ва ИМА дар Риёзи Саудӣ нест. Ин натиҷаи таҳлил ва таҳаммули марказҳои тасмимгирии ИМА аст ва музокироти ҳадди ақал яксолаи пушти пардаи ду кишвар аст. Ин амалан тақсими дубораи ҷаҳон аст. Доналд Трамп тасмимҳои гирифташударо эълон мекунад. Ва дар ҳамин мақтаи хоси таърихӣ персонажи муносиб барои эълони чунин тасмимҳои ба зоҳир аҷибу ғариб мебошад.

Ҳадафи ИМА аз сулҳ бо Русия ва сарфи назар кардан аз пуштибонии Украин дар ҳақиқат на овардани сулҳ ба Урупо ва на кам кардани бори гарони таъмини молии ҷанг аст. Ҳадафи аслӣ пароканда сохтани эътилофи Осиёии дар ҳоли ташаккул бо меҳварияти Эрон, Чин ва Русия аст. Таҳлили илмӣ ва дақиқи ҷанги Украин ИМА-ро ба чунин натиҷа расонид, ки пирӯзии ниҳоӣ дар ин ҷанг ба коми эътилофи осиёӣ хоҳад буд. Ин ҷанг дар ҳақиқат як эътилофи осиёии зидди ғарбиро ташаккул дод. Тарси Доналд Трамп аз БРИКС нест. Изҳороти ӯ зидди пули воҳиди БРИКС тарфанд (чапғалат) аст, бурдани зеҳният ба тарафи дигар. Нигаронии аслӣ аз эҳтимоли шакл гирифтани як иттиҳоди амалии Русия, Чин ва Эрон аст. Агар бештар аз ин манфиатҳои ин кишварҳо, хусусан Чин мавриди ҳадаф қарор бигирад, ташкили ин эътилоф ногузир аст.

Ҳоло ИМА бо як тарфани зебо, ки ҳатто маҷоли андешиданро ба дигарон намедиҳад, Русияро аз канори Чин ва Эрон берун мекашад. Ин ҳадафи якуми Доналд Трамп буд.

Ҳадафи дувум, мутамарказ сохтани қувва ва зарфиятҳо дар баробари таҳдидҳои (ба гуфтаи ИМА) Эрон аст. Ба гунае, ки Русия дар ин миёна мавқеи соли 2009-ро дошта бошад.

Вобаста ба он ки дар муқобили Эрон чӣ гуна амал хоҳад кард ва он чӣ натиҷа хоҳад дошт, суханони аҷибу ғарибе дар бораи Чин ва эҳтимоли бозгашти пойгоҳҳои низомии ИМА ба Афғонистон ва минтақаро хоҳем шунид.

Хирси сафед (Русия) ҳам ба унвони як паҳлавони пирӯз ба саҳнаи ҷаҳонии сиёсат бар хоҳад гашт ва онҳоеро, ки зимни рақобат ба ҷонибдории ӯ каф зада буданд, тақдир хоҳад кард. Аммо он шариконашро, ки тамошогари бетараф буданд, фаромӯш хоҳад кард?

Ҳоло намоиши як филми ҷаҳонӣ ба сурати онлайн, бидуни он ки қаблан рӯйи навор (лента) сабт шавад, ба сурати зинда идома дорад.

Миллат

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Асири исроилӣ пешонии размандаи Ҳамосро бӯсид…
Пизишкиён: “Шармовар нест?”

Матолиби пурбоздид