Ҳалокати 95 нафар низомии исроилӣ дар Лубнон

Ҳалокати 95 нафар низомии исроилӣ дар Лубнон

Ахбори байналмилал

Аlmayadeen

Ҳалокати 95 низомии саҳюнист дар Лубнон

Аз оғози набардҳои заминӣ дар ҷануби Лубнон, беш аз 95 низомии режими ишғолгар ба ҳалокат расида ва 900 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши Алмаёдин, беш аз 40 тонки “Меркава”-и артиши режими саҳюнистӣ дар ҷанги заминӣ дар ҷануби Лубнон мунҳадим шуданд.

Бар пояи ин гузориш, дар ин муддат ҳамчунин 50 тонк ва худрави низомии исроилӣ низ мунҳадим ва 5 паҳподи исроилӣ сарнагун шуданд, ки 3 паҳпод аз навъи “Ҳермес 450” ва ду паҳпод аз навъ “Ҳермес 900” аст.

Бар асоси ин гузориш, ин оморҳо хасорот ва талафоти артиши Исроил дар ҳамалот ба пойгоҳҳо ва шаҳрҳо ва шаҳракҳои саҳюнистӣ дар шимоли Исроилро шомил намешавад.

Ҳизбуллоҳ ҳамчунин эълом кард, ки рӯзи панҷшнбе 25 амалиёти мушакӣ ва тӯпхонаӣ дар манотиқи марзӣ ва ҳамчунин дар умқи хоки Исроил анҷом додааст.

Артиши режими саҳюнистӣ аз рӯзи душанбе ҳамалоти густарда ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнонро оғоз кардааст. Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар муқобил ҳадаф қарор гирифтани ғайринизомиён дар ин кишвар сукут накард ва аз ҳамон дақоиқи нахуст амалиёти мутаъаддид дар посух ба ин таҷовузоти саҳюнистҳоро оғоз кард.

Аlmayadeen

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Axios: Эрон барои ҳамлаи густарда ба Исроил омода мешавад
Қоонӣ: Сипоҳ то решакан шудани саҳюнизм дар канори Ҳизбуллоҳ аст

Матолиби пурбоздид