Ҳамалоти Яман ба мавозеи Исроил дар Ёфо ва Асқалони ишғолӣ
Ахбори байналмилал
Almasirahnews
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз анҷоми ду амалиёт алайҳи мавозеи низомии Исроил, дар Ёфо ва Асқалони ишғолӣ хабар дод.
Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, шомгоҳи имрӯз (душанбе) хабар дод, ки ду ҳамлаи паҳподӣ ба мавозеи режими саҳюнистӣ анҷом додаанд.
Сареъ бо ишора ба ин ки дар амалиёти нахуст, як мақарри низомии Исроил дар минтақаи Асқалон ҳадаф қарор гирифт, хабар дод, ки амалиёти дуввум ҳам ҳамла ба мавозеи низомии саҳюнистҳо дар Ёфо будааст.
Вай бо баёни ин ки ин амалиётҳо бо паҳподҳои “Ёфо” анҷом шуда, таъкид кард, ки Яман амалиётҳои худ алайҳи душмани исроилиро дар посух ба дархостҳои муқовамати Фаластин ва озодагони мусалмон анҷом медиҳад.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар поён боз ҳам таъкид кард, ки амалиётҳои ин кишвар то замони таваққуфи ҷанги Ғазза ва шикасти муҳосираи он идома хоҳад дошт.
Гуфтанист, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман рӯзи гузашта низ хабар дода буд, ки як нови ҳавопаймобари Омрико ва чанд новчаи мутааллиқ ба ин кишварро ҳадаф қарор додаанд.
Сареъ бо ишора ба ин ки бо ин ҳамалот, ҳамлаи Омрико ва англисӣ алайҳи Яманро ноком гузоштем, тасреҳ кард: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман нови ҳавопаймобари USS Harry S. Truman ва новчаҳои омрикоӣ-англисиро ҳамзамон бо оғози ҳамалоти хасмона ба Яман дар шомгоҳи гузашта ҳадаф қарор доданд.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар дод, ки ин амалиёт бо 8 мушаки “Замин ба ҳавол” ва 17 паҳпод сурат гирифтааст.
Almasirahnews
Қаламонлайн