Ҳама бидуни истисно Худобоваранд

Ҳама бидуни истисно Худобоваранд

Андешаи исломӣ

Бо қотеият инро мегӯям, ки аҳаде ва ҳеч касе дар дунё ёфт намешавад, ки воқеан мӯътақид бошад, Худое нест, инро бо тамоми қотеият мегӯям ва агар мегӯяд, ба забон мегӯяд, вале вақте ба дарунаш руҷӯъ кунад, хоҳад дид, ки дарунаш мегӯяд, маҳол аст, ки ҳастӣ Худое надошта бошад!

Ва ба сухани дигар, касе, ки Худоро инкор мекунад, ӯ дар воқеъ Худои ҳақиқиро инкор накардааст, балки он чи ӯ инкор мекунад, Худоест, ки ё зеҳни худаш онро сохтааст ва ё аз ҷойе вориди зеҳни ӯ шуда, масалан аз забони бибиаш ё адабиёти динӣ ё аз забони мардум ва ё бурҳонҳои фалосифа ва ғайра ва хулоса, он чи ӯ мункири он аст, ҳамин Худоҳост, на Худои ҳақиқӣ. Инкори Худои ҳақиқӣ маҳол аст.

Худо дар умқи замири одамӣ, дар виҷдони ӯ, дар фитрати ӯ ҳаст. Тамоми мавҷудот ва махлуқот ва куллан ҷаҳони офариниш мегӯянд, мо Худое дорем! Аз ин рӯ, бо камтарин таваҷҷӯҳ, инсон Худоро меёбад.

Як таҷриба кунед. Яъне як бор зеҳни худро аз ҳама чиз (ҳатто аз додаҳо ва маорифи динӣ) холӣ кунед, воқеан холӣ кунед, сипас рӯй ба ҷаҳони пиромуни худ оваред. Масалан, ба гурбае таваҷҷӯҳ кунед, ки тоза, ҳамин ҳоло, бачча зоида. Бибинед, ин ҳайвони забонбаста, (ки аз ақл бархӯрдор нест) чӣ гуна мувозиби баччаҳояш аст! То замоне, ки баччаҳояш рӯйи пойи худ биистанд, мисли гавҳараки чашм аз онҳо ҳифозат ва мувозибат мекунад ва намегузорад, ба онҳо осебе бирасад. Ин як мисол аст. Вагарна, метавонед ба тамоми олами ҳастӣ ва ба так-таки мавҷудот ва офаридаҳо таваҷҷӯҳ ва диққат намоед.

Ва ё масалан ба кору талоши як занбӯри асал, ки чӣ гуна ва бо чӣ диққат корҳояшро анҷом медиҳад ва асале мусаффо ба бор меоварад, таъаммул кунед, ки оё имкон дорад, ҷаҳони ҳастӣ бо ин ҳама тартибот ва интизомоти дақиқ, ҳодӣ ва роҳнамое надошта бошад?!

Кист, ки дар вуҷуди ин занбӯри асал ғаризаи кор ва талошро ба вадиа ниҳода?!

Кист, ки дар вуҷуди ин гурбаи забонбаста ғаризаи меҳру утуфати модарӣ ниҳода?!

Ин ҷоҳост, ки инсон худаш аз дарун меёбад ва забони ҳолаш ин мешавад, ки:

“Ҷаҳонро соҳибе бошад Худо ном!”

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ. ثُمَّ كُلِي مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًا يَخْرُجُ مِنْ بُطُونِهَا شَرَابٌ مُخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاءٌ لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

“Ва Худоят ба занбӯри асал ваҳй кард, ки аз кӯҳҳо ва дарахтон ва сақфҳои рафеъ манзил гир. Ва сипас аз анвои меваҳои ширин тағзия кун ва роҳи парвардигоратро ба итоат бипӯй, он гоҳ аз даруни он, шарбати ширине ба рангҳои мухталиф берун ояд, ки дар он шифои мардумон аст. Дар ин кор ояте (аз қудрати Худо) барои мутафаккирон пайдост”. (Сураи Наҳл, оятҳои 68 ва 69).

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Узви аршади Ансоруллоҳ: “Ҳар чизе ба номи худаш номида шавад”
Чизе аз хабари Ҳақ ширинтар набошад…

Матолиби пурбоздид