Ҳама мунтазири посухи Ҳамос ҳастанд
Шарти Ҳамос барои тавофуқи асирон чист?
Ахбори байналмилал
Farsnews
Як ҳафта аз нишасти чаҳорҷонибаи Порис миёни Омрико, Исроил, Миср ва Қатар мегузарад; нишасте, ки ба тавофуқи оташбас ва мубодилаи асирон мунҷар шуд ва акнун Ҳамос дар ҳоли баррасии муфоди ин тарҳ аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Омрико ва Қатар аз ин тавофуқ тамҷид кардаанд ва Энтони Блинкен онро “қавитарин ва ҷиддитарин тарҳ барои оташбас” тавсиф кардааст; ҳарчанд мақомоти давлати Миср ва Исроил мавзеъи расмии худро баён накардаанд.
Ҳанӯз ба таври расмӣ мавзеъе аз сӯйи Ҳамос низ эълом нашуда ва раҳбарони ин гурӯҳ ҳамчунон дар ҳоли ройзанӣ ва баррасӣ ҳастанд, Исмоил Ҳаниа низ қарор аст ба зудӣ ба Қоҳира, пойтахти Миср биравад ва дар ин миён фишори зиёде бар рӯйи Ҳамос ҷиҳати тавофуқ тайи ду ҳафтаи оянда вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи як мақоми қатарӣ, барқарории оташбаси фарогир, хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза, таъмини амнияти маҳалли искони оворагон, бозсозии Ғазза ва амалиёти ҷадиди табодули асирон, аз муфоди тарҳи ҷадид аст.
Асри панҷшанбе Моҷид бен Муҳаммад ал-Ансорӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар, муддаӣ шуд, ки дар нишасти Порис пешниҳоде матраҳ шуд, ки ба Исроил ва Ҳамос ироа шудааст. Ӯ гуфт: “Мо дар ҳоли ҳозир, мунтазири посухи Ҳамос ҳастем.”
Аммо шабакаи 13 Исроил ба нақл аз манобеъи худ гузориш дод, ки Ҳамос низ қасд дорад матолиб ва шартҳоеро дохили тавофуқи Порис бигунҷонад.
Ба гуфтаи ин шабака, Ҳамос мехоҳад рӯзона фақат як асири исроилиро озод кунад ва дар муқобил низ чанд нафар аз миёни нерӯҳои Ҳамос, ки дар рӯзи амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” асир шуданд, озод шаванд; то ин гуна имкони ростиозмоии пойбандии Исроил ба тавофуқ вуҷуд дошта бошад.
Ҳамчунин Ҳамос қасд надорад, листи асирони назди худро дар ихтиёри Исроил қарор диҳад, ҳатто онҳое, ки кушта шудаанд ва ин ки Ҳамос бар хилофи тавофуқи Порис, ки бар се марҳила устувор аст, чаҳор марҳиларо пешниҳод мекунад.
Дар марҳилаи аввал, солхӯрдагон озод мешаванд ва дар марҳилаи дуввум низомиёни зан ва дар марҳилаи севвум мардони ҷавон ва низомиён мард озод мешаванд, дар марҳилаи чаҳорум низ ҷанозаи асирони кушташуда таҳвил дода хоҳад шуд.
Як мақоми исроилӣ ба шабакаи 13 гуфт, ки пешбинӣ мешавад посухи Ҳамос ба бандҳои тавофуқи Порис “бале, аммо” бошад ва пас аз он музокироти фарогир оғоз мешавад.
Ӯ гуфт, ки ба назар намерасад тайи рӯзҳои оянда бишавад тавофуқ кард, чаро ки дархости аслии Ҳамос таваққуфи ҷанг аст.
Усома Ҳамдон, яке аз аъзои аршади Ҳамос низ гуфтааст, ки ҷунбиши муқовамати Фаластин фақат оташбаси доимиро мепазирад.
Ҳамдон дар мусоҳибае бо телевизиони LBC-и Лубнон ҳамчунин таъкид карда, ки ҷунбиши муқовамати Фаластин хостори оташбаси доимӣ аст ва рӯйкарди марҳилаӣ бо чандин вақфа дар ҷангро намепазирад. Ӯ гуфт: “Ҳеч роҳе барои ин ки муқовамат инро бипазирад вуҷуд надорад.”
Ӯ дар изҳороте, ки эҳтимолан ба оташбаси як ҳафтаӣ дар ҷанги Ғазза дар моҳи ноябр ишора дошт гуфт: “Мо вақфаҳои муваққатиро имтиҳон кардаем ва мушаххас шуда, ки исроилиҳо ба ин вақфаҳо эҳтиром намегузоранд ва доим онро нақз мекунанд.”
Бо ин ҳол, пешбинӣ мешавад, ки ҳамзамон бо бозгашти вазири хориҷаи Қатар аз Вошингтун тайи рӯзҳои оянда, Ҳамос низ посухи расмии худро ироа кунад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Яҳё Синвор, раҳбари Ҳамос дар Ғазза, хостори оташбаси 40-рӯза шудааст, ки мақомоти исроилӣ ба шиддат бо ин идея мухолиф ҳастанд.
Як мақоми исроилӣ ба шабакаи 13-и ин режим гуфт, ки бар хилофи гузоришҳои матбуотӣ, ҳанӯз дар иртибот бо ҳувияти асирони фаластинӣ, ки қарор аст озод шаванд, баҳсе нашудааст.
Бо ин ҳол, ба назар мерасад, ки мақомоти исроилӣ ба шакли амиқ дар хусуси тавофуқ бо Ҳамос ба ихтилоф хӯрдаанд; дар ин росто Звика Фогел, раиси Комиссияи амнияти дохилӣ дар Кнессети (порлумони) Исроил дар мухолифат бо тавофуқи табодул асирон, гуфт, ки ин тавофуқ тибқи шартҳои Ҳамос аст.
Звика Фогел дар ин хусус дар гуфтугӯ бо канали 12 Исроил, оташбаси доимиро мавриди қабули аҳзоби чапи Исроил донист ва гуфт: “Шартҳои Яҳё Синвор мавриди қабули аҳзоби чапи Исроил аст.”
Ӯ афзуд: “Далеле барои тавофуқ нест. Мо, тарафи қавитар ва пирӯз ҳастем. Шартҳоро мо таъйин мекунем… Пазириши шартҳои Синвор яъне поёни ҷанг.”
Ӯ бо мухолифат бо дархости озодии теъдоди хеле зиёде аз асирони фаластинӣ, гуфт: “Чӣ касе аз мо мехоҳад, ки дубора духтараш, навааш ё писараш ба дасти касоне, ки озод мешаванд рубуда шавад?! Оянда мавҷудияти Исроил дар хатар хоҳад буд агар душманро шикаст надиҳем.”
Пештар низ, Яир Лапид, раиси мухолифони кобинаи режими саҳюнистӣ хостори истеъфои Натонёҳу ва таваққуфи ҷанг ва иҷрои табодули асирон ҷиҳати озодии низомиёни исроилӣ аз Ғазза шуда буд.
Ҳамзамон мақомоти режими ишғолгар таҳти фишори шадиди афкори умумӣ ва хонаводаҳои асирони исроилии назди Ҳамос ҳастанд. Дар ин росто шомгоҳи панҷшанбе (1 феврал) ва ҳамзамон бо баргузории ҷаласаи кобинаи ҷанг барои баррасии тарҳи пешниҳодии мубодилаи асирон, хонаводаҳои асирони исроилӣ муқобили мақарри Вазорати ҷанг даст ба тазоҳурот заданд ва хостори имзои фаврии тавофуқи мубодилаи асирон барои озодии аъзои хонаводаи худ дар Ғазза шуданд.
Farsnews
Қаламонлайн