Ҳамкории Google бо Исроил

Ҳамкории Google бо Исроил

Гузориши Washington Post аз ҳамкории Google бо режими Исроил дар наслкушии Ғазза

Ахбори байналмилал

Рӯзномаи омрикоии Washington Post аз ҳамкории маҷмӯаи Google бо режими саҳюнистӣ дар таҷҳизи ин режим ба фанноварии ҳуши маснуӣ барои кӯмак ба наслкушӣ дар Ғазза хабар дод.

Ин рӯзномаи омрикоӣ навишт, ки ширкати Google аз ҳамон ҳафтаҳои аввали оғози таҷовуз ба навори Ғазза, иқдом ба таҷҳизи артиши режими саҳюнисти ба пешрафтатарин фанновариҳои ҳуши маснуӣ кардааст.

Ин гузориш меафзояд, ки ҳамкорӣ байни Google ва вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ аз соли 2021 оғоз шуда ва дар ин сол Исроил хостори густариши истифода аз хадамоти Google барои тавсиаи ҳуши маснуӣ шудааст.

Бино бар эъломи ин рӯзномаи омрикоӣ, ширкати Google дастрасии ҳуши маснуии Gemini-ро барои артиши Исроил фароҳам карда, ки абзори ҳуши маснуӣ барои пардозиши аснод ва файлҳои савтӣ аст.

Бино бар ин гузориш, ҳамкории режими саҳюнистӣ бо ширкати Google то ноябри гузашта низ идома доштааст, яъне замоне, ки аксарияти қариб ба иттифоқи манотиқ дар Ғазза дар натиҷаи ҳамалоти саҳюнистҳо бо хок яксон шудааст. Асноди мавҷуд нишон медиҳад, ки артиши Исроил ҳамчунон ба истифода аз ҷадидтарин технологияҳои ҳуши маснуӣ, ки тавассути Google таъмин шуда, идома медиҳад.

Washington Post меафзояд, ки беш аз 100 нафар аз кодри шоғил дар Google хостори таҷдиди назари ин ширкат дар ҳамкорӣ бо артиши Исроил шудаанд, аммо Google ин мутолиботро нодида мегирад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Ғазза
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Эрон заиф нашудааст!

Матолиби пурбоздид