Ҳамлаи ДОИШ ба мусалмонони аздор дар рӯзи Ошуро дар Уммон

Ҳамлаи ДОИШ ба мусалмонони аздор дар рӯзи Ошуро дар Уммон

ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт

Ахбори байналмилал

Ба мусалмонони шиъаи азодор дар рӯзи Ошуро ҳамлаи ваҳшатноке сурат гирифт ва тибқи гузориши Хабаргузории Уммон, 6 тан азодор аз ҷумла чанд пулис дар ин ҳамла кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд ва теъдоди шаҳидони ин ҳамлаи мусаллаҳона дар минтақаи Алводӣ ал-Кабири Уммон, дар ҳоли афзоиш ёфт.

Ба гузориши Reuters, ташкилоти теруристии ДОИШ бо судури баёнияе масъулияти ҳамла ба маросими азодории Имом Ҳусайн дар Уммонро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, ДОИШ эълом кард, ки масъулияти ҳамлаи теруристӣ ба як Ҳусайния дар Уммонро бар ӯҳда мегирад.

Ин ташкилоти теруристӣ эълом кард, ки се унсури теруристи вобаста ба ДОИШ, ба самти маҳалли таҷаммӯи шиаён дар минтақаи Алводӣ ал-Кабир воқеъ дар Масқат, пойтахти Уммон ҳамла карданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мулоқоти сафири Тоҷикистон ва намояндаи Чин дар Риёз
Эҳёи тафаккури исломӣ (2)

Матолиби пурбоздид