Ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эрон

Ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эрон

Ахбори ҷаҳон

Бархе аз расонаҳо аз эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба Эрон хабар додаанд.

Ин иддао ба далели ҷилавгирӣ аз дастрасии Теҳрон ба сиситемаи мушакии С-400 дониста шудааст.

Пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилии Bloomberg бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Эрон мехоҳад системаҳои зиддимушакии С-400-и Русияро бигирад, аммо Исроил онро монеи ҳамлаи эҳтимолӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон медонад.

Bloomberg навиштааст, ки Исроил аз эҷоди эҳтимоли силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон ҳарос дорад ва аз ин рӯ эҳтимолан гузинаи ҳамлаи низомиро пеш хоҳад гирифт.

Баъзе коршиносони исроили ва амрикоӣ гуфтаанд, ки дурнамои ба даст овардани системаҳои С-400-и Эрон тасмими ҳамла аз Тел-Авивро суръат мебахшад.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, «Ҳар қадаре ки  интизор шавем, ҳамон қадар мушкилтар мешавад. Мо хеле зиёд интизор шудем. Метавонам бигӯям, ки ман ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, то аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ шавад».

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳайати дипломатии Тоҷикистон аз Маҷмуаи муқовиматии Шаҳид Сулаймонии Эрон боздид намуданд
Амрико: Ҳаргиз иҷозат намедиҳем Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад!

Матолиби пурбоздид