Ҳамла ба як сарбози омрикоӣ дар Туркия
Ахбори байналмилал
Гурӯҳе, ки худро “Иттиҳоди ҷавонони Туркия” муаррифӣ кардаанд, рӯзи душанбе ба як шаҳрванди омрикоӣ, ки ба гузориши расонаҳои туркӣ, аз низомиёни киштии ҷангии омрикоии озими режими Исроил аст, ҳамла карданд.
Дар навор дида мешавад, ки як марди дигар низ ба кӯмаки низомии омрикоӣ меояд.
Бар асоси ин гузориш, ин афрод шиори “Ёнки! (Омрикоӣ!) Бирав хонаат!” сар доданд ва рӯйи сари сарбози омрикоӣ киса кашиданд.
Гуфтанист, киштии ҷангии омрикоӣ барои тақвияти амнияти Исроил ба минтақа эъзом шуда ва дар бандари Измири Туркия канора гирифтааст.
Қаламонлайн