Ҳамоиши мухолифин: Ҷанги Русия алайҳи Украина – ҷанги империалистӣ

Ахбори минтақа

Ҳамоиши мухолифин: Ҷанги Русия алайҳи Украина – ҷанги империалистӣ

Ахбори минтақа

Зимни имзои созишнома, мухолифини Русия, ки дар Лаҳистон, «Ҳамоиши вакилони халқӣ»-ро ташкил дода буданд, ҷанги Русия алайҳи Украинаро ҷанги империалистӣ унвон кардаанд.

“Ҳамоиши вакилони халқӣ”, ки рӯзҳои 5,6 ва 7 ноябр дар шаҳраки Яблоннаи атрофи Варшава, пойтахти Лаҳистон, байни мухолифини Русия ва кишварҳои Осиёи Миёнаву Қафқоз баргузор шуд, созишномаи имзо карданд.

Ин созишномаро аз ҷониби мухолифини тоҷик, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ имзо кард.

Инчунин аз ҷониби мухолифини Русия, созишномаро Иля Пономарёв, собиқ вакили Думаи Русия ва аз тарафи ҷумҳурии Ичкерия Инна Курочкина, намояндаи сарвазири Ҷумҳурии Ичкерия Аҳмад Закаев ҳузурӣ имзо карданд. Намояндагони мухолифини Қазоқистон, Гурҷистон ва Туркманистон Созишномаро аз тариқи электронӣ ва маҷозӣ, имзо хоҳанд кард.

Ҳуҷҷати имзошуда “Декларасияи таъсисии Иттиҳоди байналмиллалии зиддиавторитарӣ” ном дорад ва ҳадафи аслияш мубориза алайҳи режимҳои авторитарии минтақа ва барқарории ҳукуматҳои демократӣ унвон шудааст.

Аъзоёни ин иттиҳодия мутааҳҳид шудаанд, муборизаи худ алайҳи режимҳои диктотурии минтақаро бо ҳамоҳангӣ пеш баранд ва аз ҳамдигар ҳимоят намоянд.

Ҷонибҳо режими Кремлро сармоягузор ва ҳомии аслии режимҳои худкомаву диктотурӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон эътироф намуда, таъкид бар сарнагунсозии ҳарчи зудтари он намудаанд.

Аз муҳимтарин бандҳои ин декларасия ишора дорад: “Мо қотеъона бар принсипи ҳаққи миллатҳо бар худмухтории мутобиқ бо принсипҳои СММ истодаем ва ҳар гуна ҳаракатҳои империалистиро, новобаста аз он ки аз қуҷо бармеояд, инкор мекунем ва ба кишварҳо, минтақаҳо ва ҷунбишҳое, ки ҳамроҳи мо мубориза мекунанд, кӯмак менамоем”.

Имзокунандагони декларасюн ҷанги Русия алайҳи Украинаро, ҷанги империалистӣ унвон карда, мутааҳҳид шудаанд, ҳар кӯмаку дастгирие ба Украинаро барои барқарории тамомияти арзии он ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорони ҷангӣ дареғ надоранд.

Ҷонибҳо режими Кремлро сармоягузор ва ҳомии аслии режимҳои худкомаву диктотурӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон эътироф карда, таъкид бар сарнагунсозии ҳарчи зудтари он намудаанд.

Ҳамчунин қарор барин шудааст, ки Кумитаи иҷроияи иттиҳоди байналмиллалии зиддиавторитарӣ (ИБЗА) таъсис дода шавад ва аз ҳар ҷониб намояндагоне дар ин кумита ширкат намоянд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

САҲА озодии рӯзноманигорони тоҷикро дархост намуд
Нигоҳе ба шахсияти ҳазрати Исо(а) дар Қуръон ва Инҷил – II

Матолиби пурбоздид