Ҳамоиши “Шеъри нав: аз Айнӣ то Лоиқ” дар Самарқанд

Ахбори ҳунарӣ

Ҳамоиши “Шеъри нав: аз Айнӣ то Лоиқ” дар Самарқанд

Ахбори фарҳангӣ

Имрӯз дар Самарқанд дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.Пушкини шаҳри Самарқанд бахшида ба бузургдошти асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат ва шоири маъруфу маҳбуб, устод Лоиқ Шералӣ ҳамоиши адабии аҳли фарҳанг баргузор гардид.
Тадбири мазкур таҳти мавзуи “Шеъри нав: аз Айнӣ то Лоиқ” бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд”, маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва академияи илмҳои “Тӯрон” баргузор шуд.
(Манбаъ: фейсбук, гурӯҳи Тоҷикони Узбекистон)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Беҳтарин ахлоқ
Ахбори зидду нақиз дар бораи Бахмут

Матолиби пурбоздид