Ҳамосасозӣ

Ҳамосасозӣ

Ёддошти Абдуманнон Шералиев

Як суол дар зеҳнам пайдо шуд. Бисёр мехостам уламои динӣ ва равоншиносон посух диҳанд. Албатта мешуд ин суолро ба яке ё чанд олими динӣ ва равоншиносон хусусӣ фиристоду посух гирифт, аммо фикр кардам шояд мавзӯъ арзиши онро дорад, ки ба баҳс кашида шавад.

Қабл аз матраҳ кардани суол маҷбурам бо узри пешакӣ ва ба хотири пешгирӣ аз фитнаву баҳсҳои беҳуда огоҳ кунам: ҳар шарҳе, ки масъаларо ба самти баҳси шиаву суннӣ мекашад ҳазф карда мешавад. Дар сурати такрор шудани кӯшиши кашидани баҳс ба он самт, тараф бидуни таъхир масдуд (блок) мегардад.

Вокуниши мардуми Ирон ба ҳамалоти ғосибонро ҳамагон шоҳидем. Як моҳ аст, ки мардум бо вуҷуди бомбборонҳои кушанда майдонро тарк намекунад ва гузашта аз он ба ҳукумати кишвараш ҳам шарт мегузорад, ки ҳеҷ гуна оташбасе набояд матраҳ бошад. Албатта инҷо дасти таблиғоти расонаӣ ҳам ҳаст, аммо воқеиятро ҳам намешавад нодида гирифт. Коршиносон ба ин назаранд (ва банда ҳам комилан бо онҳо мувофиқам), ки ин ҷасорати мардуми Ирон бармегардад ба ҳамосасозӣ аз ҳазарати Ҳусайн (р) ва қаҳрамониву пойдории ӯ дар Карбало.

Банда комилан мутмаиннам, ки дар ҳеҷ кишвари суннинишине, ба хусус кишварҳои Халиҷи Форс, мардум ба ҳеҷ ваҷҳ бо ин ҷасорату шаҳомат барои ҳимоя аз ҳукумату кишвараш ба майдон намерехт. Албатта истисноҳое вуҷуд дорад. Барои мисол мардуми Туркияву Миср метавонанд чунин вокунише нишон диҳанд, аммо на дар ин сатҳ, ки дар Ирон мебинем. Банда дар Туркия зистаам ва замони кӯшиши кудатои гюлениҳо онҷо будам ва вокуниши мардум воқеан сутуданӣ буд. Аммо на дар ин сатҳ, ки ҳоло ирониҳо роҳ андохтаанд.

Дар муқобили ҳамосасозиҳо дар мазҳаби шиъа, ки дар аксар ҳолат имомону қаҳрамонҳои миллиашонро (мисли Сулаймонӣ) тақдис мебахшанд, уламои аҳли суннат бо шиддат на танҳо худи тақдис, балки роҳҳои эҳтимолии баранда ба самти онро ҳам саркӯб мекунанд. Шурӯи ин саркӯбиро метавон ба ҳазрати Умар (р) нисбат дод, ки чун дид мардум аз Холид ибни Валид ситоиши зиёд мекунанд, ӯро барканор сохт, то аз тақдиси ӯ пешгирӣ кунад.

Ҳар касе таърихи сарлашкарони муваффақи ҷаҳонро мутолиъа карда, медонад, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба пояи Холид ибни Валид намерасад. Аммо зоҳиран ҳамин монеъагузорӣ ба хотири пешгирӣ аз тақдис сабаб шуда, ки дар таърихи ҷаҳонӣ на танҳо номи Холид камтар масалан аз Наполеон ё Юлий Сезар зирк шавад, балки худи мусалмонон ин қаҳрамони воқеъан ҳамосавиашонро дуруст нашиносанд.

Миллатҳо агар қаҳрамоне надоранд, онро дар афсонаҳояшон месозанд, чун аз заруриёти ҳамбастагиву часорати миллӣ аст.

Ҳоло суол: оё уламои аҳли суннат дар пешгирӣ аз тақдиси инсонҳо ба муболаға роҳ надодаанд, ки сабаб шуда мусалмонон ба қаҳрамонони воқеиашон ҳам чун ба инсони оддӣ нигоҳ кунанд ва ин яке аз омилҳои шикастагиву парокандагии онҳо дар авохир шуда бошад?

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кризис доверия: конфликт между Нетаньяху и главой «Моссада»
Ҳушдори фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон ба омрикоиҳо

Матолиби пурбоздид