Ҳамос: Вошингтун шарики қатли омми миллати Фаластин аст
Вокуниши Ҳамос ба ветои қатъномаи оташбас аз сӯйи Омрико: “Вошингтун шарики қатли омми миллати Фаластин аст”
Ҷунбиши Ҳамос иқдоми Вошингтун ба ветои тарҳи оташбаси Шӯрои амният дар асри рӯзи ҷумъа (8 декабри 2023)-ро “ширкати мустақими Омрико дар қатли омми миллати Фаластин” унвон кард.
Иззат Ришқ, аз раҳбарони Ҳамос, бо судури баёнияе эълом кард, ин иқдом, даъват ба иртикоби ҷиноёти ҳар чи бештар ва поксозии нажодии миллати Фаластин аст.
Ришоқ гуфт: “Мо иқдоми Вошингтун ба ветои тарҳи оташбас дар Шӯрои амниятро ба шиддат маҳкум мекунем.” Вай афзуд: “Мо ин иқдомро ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ медонем.”
Омрико дирӯз (ҷумъа) “тарҳи оташбаси фаврӣ дар Ғазза ба далоили инсониро дар Шӯрои амнияти СММ вето кард.
Шӯрои амнияти СММ дирӯз ба манзури раъйгирӣ дар бораи оташбас дар Ғазза, ҷаласаи изтирорӣ ташкил дод. Беш аз 80 кишвар аз ҷумла Туркия дар ин ҷаласа ҳузур доштанд.
Шӯрои амният ба далели ветои Омрико, натавонист ин тарҳро ба тасвиб бирасонад.
Дар ин ҷаласа, аз маҷмӯъи 15 узв, 13 узв ба ин тарҳ раъйи мусбат доданд. Ангилис ба ин тарҳ раъйи мумтанеъ дод ва Омрико онро вето кард.
Ин тарҳ хостори оташбаси фаврӣ ба далоили инсонӣ шуда ва аз ҳамаи тарафҳо хоста буд ба таъаҳҳудоти худ дар қиболи қавонини байналмилал пойбанд бимонанд.
Нишасти Шӯрои амният барои барқарории оташбас дар Ғазза пас аз он анҷом шуд, ки Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ дар иқдоме, ки бисёр ба нудрат анҷом шуда, бо истифода аз ихтиёроти қонунии худ, моддаи 99-и Маншури ҷаҳонии СММ-ро фаъол кард, то Шӯрои амният ин ниҳодро барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза таҳти фишор қарор диҳад.