Ҳамос музокирот дар бораи асиронро лағв кард

Ҳамос музокирот дар бораи асиронро лағв кард

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Ҳамос ҳар гуна музокира дар мавриди оташбас ё мубодилаи асирон бо Телавивро мутаваққиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҳамос аз таваққуфи ҳар гуна музокира дар мавриди оташбас ё мубодилаи асирон бо Телавив хабар дод.

Хабаргузори Анадолии Туркия ба нақл аз як манбаъ эълом кард, ки ҷунбиши Ҳамос тарафҳои воситаро дар ҷараёни таълиқи ҳар гуна музокира дар мавриди оташбас ё мубодилаи асирон қарор додааст.

Эъломи ин хабар соатҳое пас аз он сурат гирифт, ки шомгоҳи дирӯз (сешанбе, 2 январ) артиши режими саҳюнистӣ бо ҳамлаи паҳподӣ ва шиллики 3 мушак ба сохтмони дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар Зоҳияи ҷанубии Бейрут, Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби раиси дафтари сиёсии ин ҷунбишро ба ҳамроҳ чанд тан аз фармондеҳони гурдонҳои Қассом ба шаҳодат расонд.

Рӯзномаи омрикоии Вошингтун пост дар ин иртибот ба нақл аз як мақоми дифоъии Омрико, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ки нерӯҳои низомии Исроил масъули ҳамла ба Солеҳ ал-Орурӣ будааст.

Mehrnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷиҳоди Исломии Фаластин: “Режими саҳюнистӣ товони терури Ал-Оруриро хоҳад дод”
Шаҳодати Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби Исмоил Ҳаниа

Матолиби пурбоздид