Ҳамос: “Ҳамлаи Эрон посухи шоистае ба ҷиноёти Исроил буд”

Ҳамос: “Ҳамлаи Эрон посухи шоистае ба ҷиноёти Исроил буд”

Ахбори байналмилал

Tasnimnews

Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки ҳамлаи Эрон ба Исроил, посухи муносиб ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ буд.

Ба гузориши Тасним, ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки ҳамлаи низомии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ ҳаққи табиӣ ва посухе муносиб ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарор додани сохтмони консулгарии Эрон дар Димишқ буд.

Ҷунбиши Ҳамос афзуд:

“Мо бар ҳаққи табиии давлатҳо ва миллатҳои минтақа барои дифоъ аз худ дар баробари таҷовузоти режими саҳюнистӣ таъкид мекунем”.

Муқовамати исломии Фаластин аз уммати исломӣ, мардуми озодаи ҷаҳон ва нерӯҳои муқовамат дар минтақа хост, ки ба ҳимояти худ аз “Тӯфон ал-Ақсо” идома диҳанд.

Tasnimnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иттиҳодияи Аврупо ҳамлаи Эронро маҳкум кард
Сонсури комил рӯйи натиҷаи ҳамалоти мушакии Эрон

Матолиби пурбоздид