Ҳар истиқлол забони худро дорад…

Фарҳанг

Ҳар истиқлол забони худро дорад…

Меҳмоншо Шарифзода

Тоҷикон баъди аз байн рафтани хонадони Сомониён дигар дар мавқеи тасмимгирӣ ва қудрат набуданд, вале аз ин ки аҳолии шаҳрнишин буданд ва инчунин фарҳанг ва забони ягонаи Тоҷикии дар аҳди Сомониён ташаккул ёфта ба онҳо имкон дод, тавонистанд қишри эҷодкунанда ва созанда ё номусии (ба истилоҳи Арасту, мобайнӣ) ин минтақа бошанд.

Забони нав шаклгирифтаи ягона, ки Порсиаш (Тоҷикӣ, Дарӣ) мехонанд дар ҳамин давра тавонист ба забони ягона табдил ёфтан. Забони Порсӣ, ки дар давраи Сомониён ва сулолаҳои Тоҷикии пеш аз Сомониён, дар якҷояги бо ташакуллёбии инсон, ҷомеа ва давлат шакл гирифта буд забони қудрат, нуфуз ва сиёсат буд. Ин ташаккули фарҳанг ва таркибҳои равонии мардум ҳам буд. Ин қудратро дар воқеияти забонии давр, масалан дар шеъри Абарустод Рӯдакӣ, хуб дидан ва ҳис кардан мумкин аст.

Чунин таҳаввулотро дар забон дигар қавму халқҳо дертар аз сар гузаронидаанд. Масалан дар Фаронса дар асри XVIII, дар давраи инқилоби Фаронса ва баъди он забони ягонаи фаронсавӣ шакл гирифт. Лаҳҷаи инқилобии Порис тавонист аз болои лаҳҷаҳои музофотӣ ғалаба кунад ва забони ягонаи миллӣ ба вуҷуд биёяд, ки ин ба фикри Боурдие (Bourdieu) ташаккулёбии қудрати рамзӣ ва ташаккулёбии таркибҳои равонии мардум буд.

Аҷиб, дар замони Рӯдакӣ забони аҳли Бухоро ё забони дарбор дар ҳама қаламрав паҳн шуд ва забони ягонаи давлати Сомониён гардид ва то имрӯз забонест пуё ва равшан, вале имрӯз шоҳидем ки чӣ тавр лаҳҷаҳои музофотӣ доранд аз болои забони милии (фарҳангии) Тоҷикон ғалаба кардаанд ва фарҳанги пасте шакл гирифтааст. Гузашта аз ин таркибҳои равонии мардум хароб гашта ва озодӣ дигар унсури созандаи ақлу иродаи мардум нест. Имрӯз забони дар асорати гап монда наметавонад раванди созандаи инсон, ҷомеа ва давлатро дар ин сарзамин ба вуҷуд овардан. Ин аст ки аз чорчӯбаҳои истеъморӣ ва ба хусус аз чорчӯбаҳои пусидаи шӯравӣ наметавонанд худро халос кардан. Ин раванди созанда ҳанӯз оғоз нашудааст, зеро истиқлол ва ҳокимият (sovereignty) вуҷуд надоранд…

Бале, ҳар истиқлол забони худро дорад.

Меҳмоншо Шарифзода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Озодӣ
Ёр то ёр аст

Матолиби пурбоздид