Ҳар ки ӯ огоҳтар…
Муртазо Мутаҳҳарӣ дар мавриди шак
“Шак, ҳукми як дарди руҳиро дорад. То вақте, ки дард бошад, хуб аст. Руҳи инсон мегӯяд, ман ғизо мехоҳам, ман илм мехоҳам, ман, ки як ҳайвон ё гиёҳ ва ё санг нестам, ман инсонам, Худо ба ман як руҳе додааст аз ин осмонҳо бузургтар, ман бояд аз олам сар дарбиёварам, ман бояд бифаҳмам, аз куҷо омадаам ва дар куҷо ҳастам ва ба сӯйи куҷо меравам?
Дарди руҳ ба сурати шак дар инсон зоҳир мешавад, ки ман бояд бифаҳмам, бояд бидонам. Мавлавии Балхӣ чӣ хуб мегӯяд:
Ҳасрату зорӣ гаҳи беморӣ аст,
Вақти беморӣ ҳама бедорӣ аст.
Дарди мавҷуд дар беморӣ нишони эҳтиёҷ аст.
Ҳар ки ӯ бедортар, пурдардтар,
Ҳар ки ӯ огоҳтар, рухзардтар.
Мегӯяд, ҳар касе, ки бедортар аст, дардаш бештар аст. Одамҳои бедард дар дунё, хобанд ва ҳис надоранд.
Пас бидон ин аслро, эй аслҷӯ,
Ҳар киро дард аст, ӯ бурдаст бӯ…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Понздаҳ гуфтор)
Қаламонлайн