Ҳафтаи бузургдошти Саъдӣ дар Шероз
Фарҳанги порсӣ
Вижабарномаҳои ёдрӯзи Саъдӣ бо гулборони оромгоҳи ин шоири бузург дар шаҳри Шерози Эрон оғоз мешавад.
Вижабарномаҳои бузургдошти Саъдӣ бо гулборони оромгоҳи ин шоири бузург оғоз мешавад.
Қонеӣ, мудири кулли иршоди вилояти Форс (Эрон), бо баёни ин ки имсол ҳафтаи гиромидошти Саъдӣ дар остонаи иди саиди Фитр оғоз мешавад, изҳор дошт: Бар ин асос аз субҳи панҷшанбе, оромгоҳи Саъдӣ бо ҳузури дӯстдорони ин шоири бузург гулборон мешавад.
Ӯ афзуд: Дигар барномаҳои бузургдошти Саъдӣ шомили баргузории пӯишҳои саъдихонӣ, ҷаласоти саъдишиносӣ дар 15 шаҳристони Форс ва иҷрои мусиқӣ дар ҷавори оромгоҳи Саъдӣ хоҳад буд.
Ҳаштуми урдибиҳишт ҳам барномаи расмӣ ва поёнӣ баргузор хоҳад шуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн