Ҳаққи шавҳар бар зан
Чӣ касе бештарин ҳақро бар зан дорад?
Уммулмӯъминин Оиша(р) аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пурсид:
«Чӣ касе ҳаққи бештар бар гардани зан дорад?»
Ҳазрат фармуданд:
«Шавҳараш».
Пурсид:
«Чӣ касе бештарин ҳақро бар гардани мард дорад?»
Фармуданд:
«Модараш».
Ибни Аббос гуфт:
Зане назди Расули Худо омад ва гуфт:
«Ман намояндаи тамоми занон ҳастам, то аз шумо суол кунам, ки Аллоҳ Парвардигори мардҳову занон ва шумо Паёмбари занону мардон ҳастед, аммо ҷиҳод фақат бар мардҳо воҷиб аст, ки агар солим бозгарданд аҷри бисёр мебаранд ва агар кушта шаванд, шаҳид мешаванд ва дар назди Худо зиндаанду рўзӣ мехўранд ва мо бо он ки худро барои онҳо муҳайё намуда ва зиндагии дохилии ононро идора мекунем, чӣ аҷру подоше ба даст меоварем?»
Ҳазрат фармуданд:
«Ба ҳар зане, ки расидӣ аз ҷониби ман бигў, ки итоат аз шавҳар ва шинохтани ҳаққи ў, баробари ҷиҳод дар роҳи Худованд аст ва иддаи каме аз занон ҳастанд, ки ин дуро анҷом медиҳанд».
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: