Ҳизбуллоҳ: “Ба ҳамалоти Исроил посух медиҳем”
“Пирӯзии ниҳоӣ аз они мост”
Ахбори байналмилал
Irna
Раис ва як узви фраксияи “Вафодорӣ ба муқовамат” вобаста ба Ҳизбуллоҳ дар порлумони Лубнон, дар посух ба таҳдидҳои режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки муқовамати исломии Лубнон ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ посухи муносиб медиҳад ва дар ниҳоят, пирӯзӣ аз они муқовамат аст.”
Ба гузориши Ирно ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алаъҳд, Муҳаммад Раъд, раиси фраксияи “Вафодорӣ ба муқовамат” дар порлумони Лубнон гуфт: “Медонем, ки ба кадом сӯ меравем ва дар ниҳоят пирӯзӣ аз они мост. Унсури ғофилгирии душманро дарҳам шикастем ва омодагии худро собит кардем. Мо ба вазифаи худ дар қиболи афроде амал мекунем, ки дар баробари дидагон ҷаҳониён ва дар миёни сукути режимҳои дунболарави Омрико, дар маърази ҷиноят қарор гирифтаанд.”
Ба гузориши Ирно, бо оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” тавассути гурӯҳҳои муқовамати Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва коҳиши фишор бар муқовамат дар Ғазза, иқдом ба анҷоми амалиётҳои рӯзона ва сангин алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар дохили хоки Фаластин кардааст.
Дар ин бора расонаҳои саҳюнистӣ низ гуфтанд, ки Ҳизбуллоҳ дар шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон дасти бартарро дорад ва артиши Исроил дар ин минтақа ба дом афтодааст.
Irna
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: