Ҳизбуллоҳ Гунбади Оҳанини Исроилро ҳадаф қарор дод

Ҳизбуллоҳ Гунбади Оҳанини Исроилро ҳадаф қарор дод

Ахбори байналмилал

Farsnews

Ҳизбуллоҳи Лубнон дирӯз (панҷшанбе, 25 январ) бо ду паҳподи таҳоҷумӣ, Гунбади Оҳанини режими саҳюнистиро дар наздикии яке аз шаҳракҳои саҳюнистнишин ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳизбуллоҳи Лубнон дирӯз (панҷшанбе) эълом кард, ки бо 2 паҳподи таҳоҷумӣ, Гунбади Оҳанини режими саҳюнистӣ ва падофанди ҳавоии ин режимро дар наздикии шаҳраки Кафар-Блум ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Шабакаи Алманори Лубнон ба нақл аз Ҳизбуллоҳ эълом кард, ки ин амалиёт талафотеро ба ҳамроҳ доштааст.

Манобеъи расонаӣ низ эълом карданд, ки муқовамати исломии Лубнон, дар соати 11:20 қабл аз зуҳри дирӯз ба вақти Лубнон, ин амалиётро анҷом додааст.

Муқовамати исломии Лубнон тайи баёнияе эълом кард, ки ин амалиётро дар ҳимоят аз мардуми пойдори Фаластин дар навори Ғазза ва муқовамати он анҷом додааст.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи исроилӣ: “Ҳамос дубора контроли шимоли навори Ғаззаро ба даст гирифтааст”
Расонаи амрикоӣ: Яҳё Синвор, ҳамеша як қадам пештар аз дастгоҳҳои ҷосусии Исроил

Матолиби пурбоздид