Ҳизбуллоҳ омори талафоти исроилиҳо дар марзи Лубнонро эълом кард
Ахбори байналмилал
Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, амалиётҳои 3 ҳафтаи ахир дар марз бо режими саҳюнистиӣ аз замони оғози амалиёти «Тӯфон ал-Ақсо» то кунун, мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани 120 низомии ишғолгар, инҳидоми 9 тонк ва сарнагунии як паҳпод шудааст.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, шабакаи лубнонии Алманор, шаби гузашта (сешанбе, 31 октябр) бо интишори як «инфографика» ва ба нақл аз манобеъи низомии Ҳизбуллоҳ, омор ва ҷузъиёти талафоти воридшуда ба артиши режими саҳюнистӣ дар марзи Лубнон ва тайи амалиёти «Тӯфон ал-Ақсо»-ро эълом кард.
Бар асоси ин гузориш, ҷунбиши Ҳизбуллоҳ аз 8 октябр, яъне дуввумин рӯз аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” то кунун, 105 ҳамла анҷом додааст, ки системҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, системҳои раҳгирӣ ва 33 родорро ҳадаф қарор додаанд.
Ҳизбуллоҳ муваффақ шуда ду худрави нафарбари низомӣ, 2 ҳомер ва 9 тонкро мунҳадим кунад, ки дар ҷараёни ин ҳадафгириҳо, 120 сарбоз кушта ва захмӣ шуданд. Илова бар ин, 105 маркази низомӣ, инҳидоми 69 сомонаи иртиботӣ, инҳидоми 140 дурбини назоратӣ ва 17 сомонаи раҳгирии саҳюнистҳо ҳам тавассути муқовамати Лубнон ҳадаф қарор гирифтаанд.
Нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ҳамчунин тавонистанд 33 родор ва 27 сомонаи иттилоотиро мунҳадим ва як паҳподро ҳам сарнагун кунанд. Дар натиҷаи амалиёти муқовамат, 28 шаҳраки саҳюнистнишин тахлия ва 65000 исроилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ овора шуданд.
Қаламонлайн