Ҳикматнома

Адаб

Ҳикматнома

Афлотун: “Афроде, ки бо мо ҳамақида ҳастанд, ба мо оромиш медиҳанд ва афроде, ки мухолиф бо ақидаи мо ҳастанд, ба мо дониш”.

Ҷурдан Петерсун: “Агар маҷбурӣ бо як аждаҳо биҷангӣ, ба лонааш бирав, пеш аз он ки ба русто биёяд!”

Ховйер Кремент: “Ҳокимоне, ки намедонанд шаби мардумонашон чӣ гуна субҳ мешавад, дигар чӣ фарқе мекунад, ки ба шароб нишаста бошанд ё ба ниёиш истода бошанд”.

Антон Чехов: “Хатарноктарин навъи башар инсонест, ки эътиқодаш зиёд ва фаҳмаш кам аст!”

Мортин Лутер Кинг: “Дар охир мо суханони душманонамонро мебахшем, вале сукути дӯстонамонро ҳаргиз”.

Гондӣ: “Ман ба касоне, ки мехоҳанд мардумро ба дини худ дароранд, эътиқоде надорам. Мазҳаб ва эътиқод бо гуфтор нест, балки дар кирдору руфтор аст ва дар ин сурат, амали ҳар кас омили таблиғ хоҳад буд”.

Гондӣ: “Вақте арзишҳо иваз шаванд, ивазиҳо боарзиш мешаванд! Дар дунёе, ки мардҳо нонро аз номард гадоӣ мекунанд, нони русапиҳо ҳалолтар аст! Чаро ки онон худфурӯшанд на мамлакатфурӯш”.

Алӣ(а) дар Наҳҷулбалоға: “Ду гурусна ҳаргиз сер намешаванд: ҷӯяндаи илм ва ҷӯяндаи мол”.

Содиқи Ҳидоят: “Инсон золимтарин ва фосидтарин ҳайвон аст, ба ғайр аз манфиат ва ҳавою ҳаваси худ чизи дигареро намебинад, худаш аз марг метарсад, вале сабаби марги дигаронро фароҳам мекунад”.

Алӣ(а) дар ҳикмати 231 Наҳулбалоға мефармоянд: “Адл – ҳамон инсоф ва эҳсон – ҳамон бахшиш аст”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё мусодираи амволи Элбасӣ калид хӯрдааст?
Қудрати ҷадиди шарқӣ дар баробари қудрати якҷонибаи амрикоӣ шакл гирифтааст

Матолиби пурбоздид