Ҳикматҳое аз ҳаким Абӯалӣ ибни Сино

Таърих

 

Ҳикматҳое аз ҳаким Абӯалӣ ибни Сино

“Нафси одамӣ ҳаргиз аз палидӣ пок нагардад модоме, ки таваҷҷӯҳаш ба қилу қолҳо (суханони бе асосу поя) ва низоъу ҷидолҳо бошад ва аз дигаргунии аҳвол мунфаъил шавад (яъне вақте аҳвол дигаргун гардад, ӯ ҳам тағйир биёбад).”

Дар муқаддимаи “Мантиқ-ул-машриқийин” гӯяд:

“Мо гирифтори касоне ҳастем, ки фаҳм надоранд, гӯӣ чӯби хушканд, жарфбиниро дар масоили назарӣ ва фикрӣ бидъат мехонанд ва мухолифат бо машҳури носавобро (нодурустро) гумроҳӣ медонанд. Ва агар дар миёнашон касеро, ки рушде медошт меёфтем, он чи бар мо муҳаққақ шуда буд, ба ӯ медодем…”

“Оғози ҳар фикр ва поёни ҳар андеша бояд Худо бошад. Ботину зоҳири ҳар шайъе, ки мавриди эътибор ва ибрати инсон қарор мегирад, Худо бошад. Назар ба Худо, сурмаи чашмони ӯ бошад. Гомаш мавқуф бар истодан дар боргоҳи Худо бошад. Ва сафари ӯ ба воситаи ақлу хирадаш, дар малакути аъло бошад; зеро дар он, оятҳо ва нишонаҳои парвардигори бузург аст. Пас, ҳангоме ки аз он мақом таназзул намуд ва ба ҷойгоҳи худ фуруд омад, Худоро танзеҳ кунад (яъне ба покӣ нисбат диҳад).

Худованд, ҳам ниҳон аст ва ҳам ошкор, барои ҳама чиз ба ҳама чиз таҷаллӣ ёфта. Дар ҳар мавҷуде нишонаҳои ӯ ҳаст, ки бар ваҳдоният ва ягонагии ӯ далолат мекунанд…”

“Намоз бартарини ҳаракот, рӯза беҳтарин намунаи саканот, садақа судмандтарини хайрот аст, ва покизатарин масолик таҳаммул бар сахтиҳост, ва беҳудатарини корҳо миро ва ҷидол аст.”

Ҷузҷонӣ, шогирди Бӯалӣ Сино, менависад:

“Ибни Сино барои кӯмак ба дармон ва шифои хеле аз беморон, дастур медод, дар рӯз чанд бор ба оҳангҳое, ки номи онҳоро муайян карда буд, гӯш бидиҳанд.”

“Худоё! Мардумро равони гӯё ва нафси нотиқа додӣ, ва агар онро покиза кунанд бо илм, монанди малоик шаванд.

Офаридгоро! Мо туро хонем ва туро парастем ва пирӯзӣ аз ту хоҳем ва таваккул бар ту кунем.

Оғози ҳама чизҳо аз туст ва бозгашти ҳама чизҳо ба туст.

Ва шукр бар Худованди бахшандаи ақл!..”

(Охири “Хутбаи Тавҳид”-и Ибни Сино, ки ба арабист ва Ҳаким Умари Хайём ин хутбаи олиро, ки андаке тӯлонист ба порсӣ тарҷума карда.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳиммат ва ҳамийят
Ҳадаф василаро тавҷеҳ намекунад

Матолиби пурбоздид