Ҳикояти марди фақир
Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) тибқи маъмул дар маҷлиси худ нишаста буд. Ёрон гирдогирди ҳазраташ ҳалқа зада ӯро монанди нигини ангуштар дар миён гирифта буданд.
Дар ин байн, яке аз мусалмонон — ки марди фақири жандапӯше буд — аз дар расид ва тибқи суннати исломӣ — ки ҳар кас дар ҳар мақоме ҳаст, ҳамин ки вориди маҷлисе мешавад бояд бибинад ҳар куҷо ҷои холӣ ҳаст ҳамонҷо бинишинад ва як нуқтаи махсусро ба унвони ин ки шаъни ман чунин иқтизо мекунад дар назар нагирад — дар нуқтае ҷои холӣ ёфт, рафт ва онҷо нишаст.
Аз қазо, паҳлӯи марди сарватманде қарор гирифт. Марди сарватманд ҷомаҳои худро ҷамъ кард ва худашро ба каноре кашид.
Расули Акрам, ки муроқиби рафтори ӯ буд, ба ӯ рӯ кард ва гуфт:
— Тарсидӣ, ки чизе аз фақри ӯ ба ту бачаспад?!
— На, эй Расули Худо!
— Тарсидӣ, ки чизе аз сарвати ту ба ӯ сироят кунад?
— На, эй Расули Худо!
— Тарсидӣ, ки ҷомаҳоят касиф ва олуда шавад?
— На, эй Расули Худо!
— Пас, чаро паҳлӯ тиҳӣ кардӣ ва худатро ба каноре кашидӣ?
— Эътироф мекунам, ки иштибоҳе муртакиб шудам ва хато кардам. Акнун ба ҷуброни ин хато ва ба каффораи ин гуноҳ, ҳозирам ниме аз дороии худамро ба ин бародари мусалмони худ, ки дар борааш муртакиби иштибоҳе шудам, бибахшам.
Марди жандапӯш гуфт:
— Вале ман ҳозир нестам бипазирам.
Ҷамъият пурсиданд:
— Чаро?
Гуфт:
— Чун метарсам рӯзе маро ҳам ғурур бигирад ва бо як бародари мусалмони худ ончунон рафторе бикунам, ки имрӯз ин шахс бо ман кард.
(Манбаъ: Достони Ростон)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: