Ҳосили ранҷи боазоб

Ҳосили ранҷи боазоб

Устод ҳангоме, ки дар шаҳри Ховарон буд, издиҳомеро дид, ки дар сари роҳи шахсе аз ду тараф саф ороста. Ҷавонон дастҳои хушомад меафшонданд ва духтарон бо саногўӣ, гулбаргаҳо ба зери пояш мерехтанд. Падарон ҳам сари таъзим фуруд меоварданд, модарон ҳам дасти дуо ба самти осмон бармедоштанд.

Устод пурсид:

– Он шахс кист ва ин чи расмест, ки мардум анҷом медиҳанд?

Гуфтанд:

– Раис аст ва расми эҳтиром ва одати хушомадест бар бузургони шаҳр.

Устод гуфт:

– Ба Худо, ки руасоро аз ин расм баҳраманд нагардонед, чун онон бандаи ғуруранд ва шумо худ бо ин амали хеш дар он дунё бар тундбоди ранҷ гирифтор хоҳед шуд!

Сипас фармуд:

– Огоҳ бошед, ки гуфтаанд:

– Зиёнбор аст ранҷе, ки дар пайи он азоб бошад ва судовар аст, осоише, ки бо он амон аз оташи дўзах бошад!

Пешвози бузургон аз нишонаҳои иззат бувад, вале бут пиндоштани руасо аз нишонаҳои зиллат.

Аз китоби “Мунҷӣ”

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Интифозаи севвуми Фаластин дар пеш аст
Зангҳои ойинаи фазл

Матолиби пурбоздид