Ҳувияти интиҳории дуввуми ҳодисаи Кирмон низ мушаххас шуд ва ба эҳтимоли зиёд ӯ низ тоҷик аст
Ахбори байналмилал
farsnews
Вазири кишвари (дохилаи) Эрон, бо баёни ин ки ҳувияти интиҳориҳои ҳодисаи теруристии Кирмон мушаххас шудааст, гуфт: “Яке аз интиҳориҳо тоҷикистонӣ буда ва ба эҳтимоли зиёд дуввумӣ ҳам тоҷик аст.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, Аҳмад Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон, рӯзи чаҳоршанбе, дар ҳошияи нишасти ҳайати давлати ин кишвар, дар ҷамъи хабарнигорон дар мавриди дастгирии аносири ҳодисаи теруристии Кирмон изҳор дошт: “Бархе аносири муртабит бо ин ҳодиса дастгир шуданд, зимни ин ки имконоти дигари онҳо тавассути дастгоҳҳои амниятӣ низ кашф шуд.”
Вай изофа кард: “Яке аз интиҳориҳо тоҷикистонӣ будааст ва ба эҳтимоли зиёд дуввумӣ ҳам тоҷик аст.”
Вазири кишвари Эрон афзуд: “Теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз ин теруристҳо дастгир шудаанд ва маҳалли ихтифои онҳо пайдо ва контрол шуда ва ин ҷараён мустамар аст.”
Вай идома дод: “Теруристҳо ба сурати ғайри қонунӣ аз марзи яке аз кишварҳои ҳамсоя ворид шудаанд. ДОИШ бар асоси иттилооте, ки худи омрикоиҳо низ эълом карданд, мехостанд амалиёти худро ба манотиқи мухталифе тавсиа бидиҳанд, ба вежа дар манотиқе, ки дар Меҳвари Муқовамат ҳастанд; кишварҳое, ки бо Омрико ва Исроил мушкил доранд ва ҳавзаи амали онҳо умдатан марбут ба Меҳвари Муқовамат аст.”
Farsnews
Қаламонлайн