Ҳукумати худкома
Меҳмоншоҳ Шарифзода
Бахши дуввум
Ҳукуматҳои худкома аз чӣ роҳҳое ба қудрат мерасанд?
Фикр мекунам ин ҷо муҳим ба роҳи ба қудрат расидани онҳо нест, балки роҳ ва ё раванди ба низоми худкома табдил ёфтани системаи давлатдории ин кишварҳост. Роҳҳо гуногунанд ва бисёриҳо дар ин ҳукуматҳои худкома ба воситаи интихобот ба сари қудрат меоянд. Масалан Дувалиер соли 1957 дар Ҳаити, Фердинанд Маркос дар Филлипин дар соли 1965, Ерик Гайри дар Гренада соли 1967 бо роҳи интихобот ба сари қудрат омада буданд. Ва инчунин, ба ғайр аз матни таърихи ва шароитҳои дигар то ҷое худи шахсиятҳо ҳам дар шаклгирии ҳукуматҳои худкома нақш доранд. Масалан шахсияти Ҳитлер ё Сталин дар муайян кардани сифтаи амалҳои қудрат нақше доштанд. Онҳо ҳар ду, шахсиятҳои харизматик буданд ва нақшаҳои баланд доштанд, ва вазъу шароити таърихи ва пропоганда кори худро кард ва тавонистанд дар воқеаҳои асри гузашта нақши сиёҳи худро бозидан.
Вале чи хеле ки гуфтем масъала ин аст, ки ин режимҳо сохта мешаванд ва дар раванде шакл мегиранд ва муҳим донистани он таркибҳост, ки дар шаклгирии ин падида нақш бози мекунанд. Махусусан дар Тоҷикистон бубинед чи сабаб шуд, ки мо имруз дар бораи мавҷудияти низоми худкома ҳарф мезанем , ки ба гуфти устод Раҳматилло Зоиров акнун” худкомагӣ дар Тоҷикистон ғолиб омадааст”. Фикр мекунам, баъди пош хурдани Шӯравӣ, набудани фикри мустақил ва фарҳанги сиёсӣ, хунук назари ба фарҳанги гузашта ва амал кунандаи худ , озод набудан аз идеологияи марксисти –ленинӣ ва надоштани идеологияи алтернативи ба он чи вуҷуд дошт, боиси он шуданд, ки сиёсатмардони Тоҷик натавонистанд як давлати солим ташкил кардан.
Аслан роҳбарони сиёсии Тоҷикон дар замони Шӯравӣ он қадар соҳибихтиёр набуданд ва дар тасмим гириҳои ҳизби коммунист нақши ҳалкунанда надоштанд ва худ ҳамон давра барои мустаҳкам кардани мавқеи худ байни минтақаҳои дигари Тоҷикистон дар Маскав такягоҳ мекофтанд ва маризиҳое, ки имруз ошкор амал мекунанд он замон ба таври хомуш амал мекарданд. Яъне ҳатто дар даври Шӯравӣ имкони ба як табақаи солими сиёсии милли табдил наёфта буданд, ки баъди пош хӯрдани Шӯравӣ тавонанд коре кардан. Ё ин замина зери таъсири афкори таърихи ва фарҳангии С Айнӣ, Б Ғафуров ва дигарон байни файласуфҳо ва фарҳангиёни Тоҷик акнун шакл мегирифт. Вале мутассифона ин мустақилият дар фикрҳо суст шакл мегирифт, вале дар воқеят ҳодисаҳо дигаргуна шакл гирифтанд ва мардум бозичаи дасти дигарон шуд. Мутассифона он замон Тоҷикон дар давраи ҳалкунандаи тақдири худ фазойи мустақили ақлонӣ ва сиёсиро натавонистанд ташкил кардан, шояд имруз ин корро кардан тавонанд…
Агар ба фарҳанги Тоҷикон назар андозем, худкомаги ин муқобили фарҳанги Тоҷикӣ ва муқобили тоҷикият аст. Зеро ин низомҳои султонӣ, ки дар бораи онҳо гуфта гузаштем, аслан дар ин минтақа вуҷуд доштанд ва худи Вебер ҳам ин истилоҳи “султонизм”- ро аз сулолаҳои Исломии Шарқи наздик гирифтааст, ки онро имруз дар уллуми иҷтимоӣ мавриди истифода қарор додаанд.
Имрӯз дар Осиёи Марказӣ шоҳиди шаклгириии низомҳое ҳастем, ки ҳама гуна сатҳҳои фарҳангиро инкор мекунанд, ҳар гуна фардият ва фикри мустақилро мешикананд ва чунон ки дар боло қайд кардем то мурдан аз қудрат рафтан намехоҳанд, мухолифини сиёсиро намеписанданд ва худ ҷомеаро сохтан, иқтисодиётро барқарор кардан ва бозори корро ташкил кардан наметавонанд. Инҳоро агар аз рӯйи матни шаклгири ва таркибҳое ки дар сохтмони ин низомҳо нақш доранд агар таъриф кардани бошем, “сулолаҳои нафси бетарбият” ҳам номидан мумкин аст.
Чиро сулолаҳои нафс? “Нафс” аслан истилоҳест Қуръонӣ ва дар фарҳанг ва ҷомеаи Исломӣ, ин унсурест тағирёбанда ва ҳамеша ба тарбият ниёз дорад ва вобаста ба тарбият, дониш ва таҷриба дар саттҳои гуногун метавонад бошад ва бо номи дигар метавонад зуҳур кардан. Ва ин пояи мактаб, маъориф ва ташакулли шахсиятҳо буд , ки вобаста ба дониш ва таҷриба ба зинаҳои дигар худро мерасониданд.
Яъне шахсият дар кадом соҳа, ки набошад ба тарбият ва ба донишу илм ниёз дорад то, ки дар зиннаи нафси ҳайвонӣ набошад. Вале садсолаҳои охири таърихи ин сарзамин ба хусус баъди асри 15 сулолаҳое, ки дар ин сарзамин ҳукумрони кардаанд бештар ба ҳарамсарой ва ҷангҳои беохири байни якдигари машғул буданд. Ва дар асл барои машруияти худ улламоро истифода мекарданд, то ки дар бораи ин қавме, ки мардумро ба бечорагӣ, камбағали ва хушунатҳо расонида буд, ҳарфе бизананд.
Мардум, ки ба улламо ҳама вақт, ҳамчун ворисони пайғамбар бовари дошт вале ин улламои садсолаҳои охири Осиёи Марказӣ фикри созанда дигар надоштанд. Ҳанӯз дар давраи Туркҳои Салҷуқи ва Низомулмулк уллуми зарурӣ ва ақлониётро аз мадрассаҳо берун кашида буданд ва дигар Ибни Сино, Ибни Рушд ва Беруниҳо аз ин мадрасаҳо берун намеомад ва баъди ҳуҷуми муғулҳо дигар руҳафтодагӣ, дунёгурезӣ ва ирфон дар тафаккури мардум ғолиб омада буд…
Ва имрӯз ҳам мебинем, новобаста ба ин ки дар двари Шурави имкони шинос шавии бештарро ба фарҳанги худ ва дигарон доштанд , ҳамон унсурҳои равонии асри миёнагӣ дар рафтору гуфтори мардум бедор шуда истодааст. Акнун ин мардуми ба ом ва гадо табдил ёфта ‘президентро’ ҳамчун ‘шоҳ’ қабул карда истодаанд ва ‘шоҳ’ ҳам ба ин розист ва воқеан , ӯ худ шоҳигари дорад вале ҳукумронӣ надорад. …
Аз тарафи дигар ҳамин нафси бетарбият, ки ба қудрат мерасад имруз яке аз баҳсҳои калидии фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар Ғарб аст. Махсусан дар яке аз китобҳои охирини файласуф Деррида ‘Ҳайвон ва Истиқлол’ (The Beast and the Sovereign), ки дар ду ҷилд нашр шуд ин масъала ба таври васеъ ва амиқ матраҳ шудааст. Он чи аз ин баҳс барои мо омӯзанда аст ин масъалаи ҳайвонияти инсон аст ва махсусан вақте, ки ба гуфти орифони мо, ғуломи нафс аст ва ба сиёсат машғул мешавад. Масъулиятро дар баробари мардум мансабдоре, ки донишу таҷрибаи солиме дорад метавонад ҳис кардан ва доштан. Ин ҷо дар вуҷуди шаҳсиятҳо ҳамоҳангии худӣ, дониш ва қудрат бояд дар кор бошад. Имрӯз дар ҷомеа бисёр мансабдоронро дучор мешави, ки мардони дониш ва сиёсат нестанд, на дунёро шинохтаанд ва на динро. Баъзан дар суҳбатҳо дар масъалаҳои динӣ, мебини ки баъзе аз мансабдорони аз аъмоли бади хеш ба ҷазо гирифтор нашуда, чун ‘он сӯи қонун’ қарор доранд, орзуи онро доранд, ки ин гуфтаҳо дар бораи саволу ҷавоби охират “шояд дуруғ бошад”.
Ин рӯйдод дар Тоҷикистон ба як таҳқиқоти мустақил ниёз дорад. Он чи дар ин баҳс ман гуфтаниам ин аст, ки онҳое ки дар сатҳи роҳбарият ҳастанд вақте ба ин маризӣ гирифторанд, яъне ғуломи нафсанд, ва аз арзишҳои мавҷудаи барои aмалӣ кардани истиқлол танҳо ‘пулро’ мешиносанд, унсурҳои дигари ин барнома мисли ҳақиқат (дониш ва идеологияи Тоҷики), волоияти қонун ба гуфтугӯи холӣ табдил ёфтанашон мумкин аст …Ин ҳама дар таҳкими низоми худкома нақши калиди мебозанд…
Идома дорад…
Қаламонлайн