Ҳулокухон ва донишмандон

Таърих

Ҳулокухон ва донишмандон

Дар “Ахлоқ-ул-ашроф” ҳикояти аҷиберо дар бораи Ҳулокухони муғул ва ин ки чаро ҳукумати вай ва фарзандонаш наздик ба 100 сол бе ҳеч дарди саре идома дошт оварда, ки ҳол инҷо ба мазмун онро нақл мекунам:

Мегӯяд: Ҳулокухон вақте Бағдод — маркази хилофати исломиро тасхир кард, дастур дод, то мардумро гирд оваранд. Аз таки-таки онҳо мепурсид, ки ту чӣ кораӣ ва шуғлат чист? Яке гуфт: ман тоҷирам. Дигаре гуфт: ман пизишкам. Севвуме гуфт: ман мударрисам ва ҳоказо…

Он гоҳ Ҳулоку гуфт: туҷҷор бигузор бошанд, чун аз барои мо ва ҳукумати мо бозаргонӣ мекунанд ва ҳар ҷомеае ниёз ба бозаргону бозаргонӣ дорад. Дар бораи пизишкон ҳам ҳамин гуфт… то расид ба донишмандон ва ҳакимон. Пурсид:

— Ин ҷамоат чӣ кораанд ва дар ҷомеа чӣ нақше доранд?

Атрофиёнаш гуфтанд:

— Корашон ин аст, ки китоб менависанд, фарзандони мову шуморо дарс меомӯзанд, ҳар аз гоҳе ҳокимонро насиҳат мекунанд, ки агар Худой нокарда ҳоким зулму ситаме бар мардум раво бидорад, инон бо насиҳат ва панду андарз ӯро аз ин кораш бозмедоранд, ва хулоса, инон меҳтаранд ва чунонанд, ки ҳамвора ҳокимон пеши онон зону мезананд, на баръакс…

Ҳулоку гуфт:

— Пас он чӣ ман аз суханони шумо фаҳмидам, инон як дарди саранд! Сипас гуфт: инон дар ҷомеа афроде зиёдӣ ҳастанд ва нақше надоранд. Ҳукм дод, то ҳамаи ононро ҳамроҳ бо китобҳояшон дар дарё ғарқ кунанд ва ҷомеа аз вуҷуди эшон пок гардад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Парвози паҳподҳои Ҳизбуллоҳ бар фарози Исроил
Наим Қосим: Душман ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳад

Матолиби пурбоздид