Ҳусни муошират бо ҳамсарон

Таҳлили хабарӣ

Ҳусни муошират бо ҳамсарон

Сабки зиндагӣ

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳусни муошират бо ҳамсарон намуна буд. Некрафторӣ бо занонро ба ёрон ва пайравонаш тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт: “Ҳамаи мардум дорои хислатҳои неку бад ҳастанд. Мард набояд танҳо ҷанбаҳои нописанди ҳамсари хешро дар назар бигирад ва ҳамсари худро тарк кунад; чун ки ҳар гоҳ аз як хислати ӯ нороҳат шавад, хислати дигараш мояи хушнудии ӯст ва ин дуро бояд бо ҳам ба ҳисоб овард”.

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор ҷ.2, саҳ.251 то 263)

***

Бо фарзандон фавқулода меҳрубон буд, ба онҳо муҳаббат мекард, онҳоро рӯйи домани хеш менишонд, бар дӯши хеш саворашон мекард, онҳоро мебӯсид ва ин ҳама дар ҳолест, ки ин гуна рафтор бар хилофи хулқу хӯйи роиҷи он замон буд.

Дар ривоят аст, ки рӯзе дар ҳузури яке аз ашроф, Паёмбар (с) яке аз наводаҳои хеш − Имом Ҳасани Муҷтабо (а)−ро бӯсид. Он мард гуфт: “Ман ду писар дорам ва ҳанӯз ҳатто як бор ҳеч кадом аз онҳоро набӯсидаам”. Паёмбари меҳрубонӣ (с) хитоб ба ӯ фармуд: “Касе, ки меҳрубонӣ накунад, раҳмати Худо шомили ҳолаш намешавад”. (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор ҷ.2)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Лӯъбатакон

Матолиби пурбоздид